Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИККАХОНА

СИККАХОНА

СИККАХОНА, зарробхона, корхонаи давлатиест, ки ба сикказании пул (танга), сохтани орден, медал ва дигар нишонаҳои давлатии металлии фахрӣ, инчунин маснуоти гуногуни заргарию зарҳаллӣ ва ғайра машғул аст. Сиккахона баъди барқарор шудани давлати миллӣ ва монополияи давлатӣ шудани сикказании танга ба вуҷуд омадааст.

Сиккахона бори аввал дар Россия соли 1534 дар Москва ва соли 1724 дар Петербург таъсис ёфт; аз соли 1876 дар мамлакат ягона аст. Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ танга сикка зада намешуд. Дар Сиккахонаи Ленинград (Петроград) то соли 1921 ордену медалҳо тайёр мекарданд. Аз августи 1921 тангаи нуқрагин, аз соли 1924 мисин, баъд қалъагӣ ва никелин сикка зада мешуд. Ҳоло Сиккахонаи Ленинград тангаҳои навъи соли 1961-ро сикка мезанад. Сиккахонаи Москва (таъсисаш 1942) ордену медалҳои СССР, нишонҳои фахрӣ ва дигар маснуоти металлии гаронбаҳо мебарорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …