Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШУУРНОКӢ ВА СТИХИВИЯТ

ШУУРНОКӢ ВА СТИХИВИЯТ

ШУУРНОКӢ ВА СТИХИВИЯТ, категорияҳои материализми таърихиро гуянд, ки ҷараёни ҳаёти ҷамъиятиро тавсиф менамоянд. Фаъолияте, ки тавассути одамон мувофиқи мақсади муайян ба вуқуъ мепайвандад, шуурнокӣ ном дорад. Стихиявият бошад, амали бемақсаду маромест, ки низоми муайян надорад ва назорат карда намешавад.

shuurnoki

Заминаи асосии шуурнокӣ маърифати қонунҳои объективии табиату ҷамъият буда, дар асоси оқибатҳои фаъолияти оқилонаи инсон муайян карда мешавад.

Дар формацияҳои ҷамъиятии тосоциалистӣ дар ҳаёти иқтисодӣ муносибати стихиявӣ ҳукмрон буд, ки он ба хусуси будани воситаҳои истеҳсолот ва гуногунии манфиатҳои одамон вобаста аст. Муборизаи синфии пролетариат аввал ба таври стихиявӣ рух дода, минбаъд баробари аз ҷиҳати сиёсӣ обутоб ёфтани синфи коргар ва ба вуҷуд омадани партияи пролетарӣ хусусияти бошуурона пайдо мекунад. Бо ғалабаи социализм воситаҳои истеҳсолот ҷамъиятӣ шуда, ягонагии манфиатҳои меҳнаткашони тамоми синфу табақаҳои ҷамъият ба вуҷуд меояд ва таъсироти куллӣ дар ҷараёни инкишофи ҷамъият руй медиҳад. Он дар роҳбарии бошууронаи Партияи Коммунистӣ ба ҳаёти ҷамъият ва аз руи план тараққӣ кардани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ зоҳир мешавад. Вале дар давраи социализм ҳам муносибати стихияаӣ ҷой доштанаш мумкин аст. Чунин муносибат дар натиҷаи риоя накардан ба қонунҳои объективӣ, мушкилиҳои баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти одамон ба вуҷуд меояд.

Марксизм-ленинизм ҳам ба муқобили волюнтаризм, субъективизм ва ҳам ба муқобили ҳама гуна ақидаҳои ислоҳотчигию оппортунистӣ, ки муносибати стихиявиро эътироф карда, мавқеи роҳбарикунандаи партияи синфи коргарро дар мубориза барои социализм ва коммунизм паст мезанад, муборизаи беамон мебарад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …