ШУТУРМУРҒ (Strutbioniformes), як навъ мурғест, ки қобиляти парвоз надорад. Пояш ду ангушт дорад. Бадани Ш. бо парҳо як хел пушида шудааст. Ш. 1 намуд (Ш.-и африқоӣ — Struthio camelus) дорад. Калонтарин мурғи муосир; қадаш то 2,44 м, вазнаш то 136 кг. Нулаш паҳн аст. Ш.-и нарина сиёҳ (парҳои думу қаноташ сафед) ва Ш.-и модина бурранг мешавад. Дар Африка (ғайри қисми шимоли) паҳн шудааст, то с. 1941 дар Сурия ва Арабистон низ вомехурд. Боқияи Ш. дар даштҳои СССР (аз Украина ва Забайкалия) низ ёфт шудааст. Ш.-ҳо дар дашту биёбон гуруҳ-гуруҳ (одатан 5—6, баъзан 30—40) шуда зиндагӣ мекунанд. 6—8 (қариб дар 18 шаборуз) тухм мегузоранд. Тухмҳоро Ш.-и нарина (шаб) ва модина (рӯз) зер (5— 6 ҳафта) мекунанд. Чуҷаҳои Ш. дар якмоҳагӣ бо суръати 50 км/соат давида метавонанд. Ғизои Ш. навда, мева, тухми растаниҳо ва баъзе ҷовварони хурд аст.