Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШӮРИШИ СОЛИ 1920 ДАР ҒAPM

ШӮРИШИ СОЛИ 1920 ДАР ҒAPM

ШӮРИШИ СОЛИ 1920 ДАР ҒAPM, хуруҷи меҳнаткашон бар зидди ҷабру ситам, тороҷу бедодӣ, андозҳои  вазнини амири Бухоро ва амалдорони маҳаллии у. Бад шудани аҳволи иқтисодии мардум, афзудани андозҳо, маҷбуран ба лашкари амири шикастхурдаи Бухоро Олимхон сафарбар кардани деҳқонон ва мусодираи ғаллаи онҳо, беҳуқуқии омма, ҷабру зуроварии амалдорони маҳаллӣ ва ғ. сабаби cap задани Ш. гардиданд. Ш. 20 дек. 1920 cap шуд. Усмони ғармӣ ном мардикор сардори Ш. буд. Шуришгарон ба тарафдории ҳуҷум оварда, озуқаворие, ки барои амир ба Душанбе мебурданд кашида гирифта қалъаи Ғармро ба даст дароварданд. Беки шикастхӯрда ба дастаи боқимондаи худ ба ҷан. Қаротегин гурехта, бо мадади қуваҳои нави ба ёриааш омада, дар мавзеи Сарипул деҳқонони шӯришбардоштаро шикаст дода, қалъаи аз даст додаашро ишғол намуд. Сардори Ш. Усмон дастгир ва ваҳшиёна кушта шуд. Дигар роҳбарони Ш. Одина Лучак ва Мулло Тошев низ ба даст афтоданд. Бо вуҷуди ин Ш. аҳамият зеро аз бедоршавии мардуми кӯҳистон ва муборизаи озодихоҳӣ ҳамовоз шудани он дарак медод.

Т.Каримов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …