ШОКИРХОНӢ як навъ зардолуи маҳаллиро гӯянд. Асосан дар боғҳои С.қ. Ёваи р-ни Хуҷанди вил. Ленинобод мепарваранд. Дарахташ нисбатан дер гул мекунад. Мевааш лӯнда (як донааш 18-20 г), хӯштамъ, пӯсташ зарди кушод. Мағзаш ширин. Ш.-ро барои тархӯрӣ, хушконидан ва консервонӣ истифода мебаранд. Ниҳолаш баъди 2-8 сол ба ҳосил медарояд.
Н.Шукуров