ШОҲИД Дар ҳуқуқ шахсеро гӯянд ки барои додани шаҳодат дар бораи ҳолатҳои ба ӯ маълуми корҳои ҷиноятӣ ё гражданӣ ба суд ё органи таҳқиқкунандаи ибтидои даъват карда мешавад. Мувофиқи ҳуқи советӣ ҳар шахсро новобаста аз синну сол, муносибати хешутаборӣ бо айбдоршаванда ва ғ. ба сифати Ш. даъват кардан мумкин аст. Ш. вазифадор аст, ки бо даъвогарҳои дахлдор ҳозир шуда, шаҳодати дуруст диҳад; ҳама чизи оид ба кори ҷиноятӣ ё гражданӣ ба ӯ маълумро хабар диҳад ва ба саволҳо ҷавоб гардонад. Агар Ш. бе сабаби узрнок ҳозир нашавад, ҷарима андохта, ё маҷбуран оварда мешаванд. Барои саркашӣ аз додани шаҳодат ва ё шаҳодати дурӯғ Ш.ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. (мод. 194-195 РСС Тоҷ.). Шаҳодати Ш.-ро пртокол мекунанд. Ҳангоми ба пурсиш даъват кардани Ш. музди миёнаи корияш нигоҳ дошта мешавад. Ба ӯ пулҳои роҳу ҷои хоб ва ғ низ дода мешавад.