ШИРКАТҲОИ АКЦИОНЕРӢ, шакли марказонии капитал ва барпо кардани корхонаҳои калони капиталистиро номанд. Ш. а. дар давраи андухти ибтидоии капитал ба вуҷуд омада, дар давраи капитализми томонополистӣ инкишоф меёбад ва ба шакли асосии корхонаю муассисаҳои капиталистӣ ва баъдтар монополияҳои капиталистии давраи империализм мубаддал мегардад.
Баробари инкишофи тарзи капиталистии истеҳсолот дар байни тамоюли инкишофи босуръати муассисаҳои капиталистӣ ва маҳдудияти капитали шахсӣ зиддият ба вуҷуд меояд. Ташкили корхонаҳои нав маблағгузориеро талаб мекунад, ки он аз ҳудуди дороии капиталистони алоҳида зиёд аст. Аз ин ру, капитали шахсии капиталистони саҳмгузор ба як марказ ҷамъоварӣ шуда, ширкати акционерӣ ташкил карда мешавад. Органи олии Ш. а. маҷлиси расмии саҳмгузорон мебошад.
Дао давраи империализм ба воситаи Ш. а. «демократикунонӣ»-и капитал яке аз воситаҳои пурзуршавии олигархияи ноҳиявӣ мебошад. Магнатҳои капитали молиявӣ Ш. а.-ро барои пурзур намудани ҳукмронни худ аз болои капитали бегона истифода мебаранд, Ин процесс ба воситаи система иштирок ба роҳ монда мешавад,
Бо тараққиёти капитал номи давлатию монополистӣ Ш. а. ба худ шакли давлатӣ гирифта, дар ҳамин давра муассисаҳои давлатию хусусии капиталистӣ ба вуҷуд меоянд. Зимни ҳукмронии монополияҳо афзудани капитали саноатию банкӣ, ташакулёбии иттиҳодияҳои капиталистӣ ва аз тарафи мамлакатҳои капиталистӣ баровардани капитал ба хориҷа васеъ истифода мешаванд. Дар СССР дар давраи сиёсати нави иқтисодӣ Ш. а. ташкил шуда буд, аммо онҳо моҳиятан аз Ш. а.-и капиталистӣ фарқ, мекарданд. С-ҳои 30 аксари Ш. а. ба иттиҳодияҳои давлатӣ табдил ёфтанд.