Маълумоти охирин

ШИКОР

ШИКОР, сайд, сайди ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳоро гӯянд. Яке аз қадимтарин соҳаҳои фаъолияти истеҳсолии инсон аст. ш. дар ибтидо (давраи аввали палеолит) хусусияти колективӣ дошт. Санг, табари сангин, гурз, найза, дертар корд, тӯр ва ғ. олоти Ш. буданд. Дар давраи мезолит ихтироъ шудани тиру камон барои инкишофи Ш. такони бузурге гардид. Одамони ибтидоӣ аз давраи неолит барои Ш. саг, мулуҳ, асп, мурғони шикориро истифода мебурдагӣ шуданд.

shikor

Ҳоло барои Ш. асосан туфангҳои шикорӣ ва домҳои чубин, филизин, тӯр ва ғ., баъзан ҳайвонҳо (сагҳои тозӣ, юз), мурғҳои шикорӣ (лочии, шоҳин, уқоб, бургут, боз) -ро истифода мекунанд. Барои ҷалб намудани сайд ба шикоргоҳ мулуҳ (гушт, моҳӣ, чормағз, мева, моддаҳои хушбуй ва ғ.)-po ба кор мебаранд. Ш. саноатӣ, спортию ҳаваскорӣ ва илмӣ мешавад.

Дар СССР барои инкишофн ҳаматарафаи Ш. (бо истифодаи оқилонаи табиат) имконҳои калон фароҳам оварда шудаанд (ниг. Хоҷагии шикор), Дар масоҳати васеъ зиёда аз 100 намуди ҳайвони муинадор, 20 намуди ҳайвони сумдори ваҳшӣ (сайдак, шоҳгавазн, оҳуи холдор ва гавазни шимолӣ, тури кавказӣ ва доғистонӣ, нахчир. архар ва ғ.), беш аз 150 намуди мурғи шикорбоб маскунанд. Маҳсулоти асосии Ш. муина мебошад, ки аз руи истеҳсоли он СССР дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад.

Паррондан ё доштани сайд дар СССР аз руи қонуни қарорҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки ба истифодаи оқилона, муҳофизат ва таҷдиди захираи ҳайвоноти ваҳшии фоиданок равона шудаанд, ба тартиб андохта мешавад. Дар республикаҳои иттифоқӣ (ғайр аз РСФСР) қоидаи ягонаи Ш.амал мекунад. Билети шикорчиёни СССР ҳуҷҷати якхелаест, ки онро идораи хоҷагиҳои шикор ва ҷамъиятҳои шикорчиён медиҳанд ва соҳиби он ба шикори сайдҳои гуногун ҳуқуқ дорад.

Мувофиқи устав ҳар як шахс аз синни 18-солагӣ метавонад аъзои ин ҷамъият шавад. Мақсади асосии ҷамъият афзун гардондану муҳофизат намудани ҳайвоноту паррандагони мамнуъгоҳу шикоргоҳҳо мебошад. Ҷамъият ҳоло бештар аз 10 ҳаз. наф. аъзо дорад ва он 11 хоҷагии шикор (346, 833 га)-ро дар бар мегирад, Дар хоҷагиҳои шикор ҳар сол миқдори ҳайвоноту паррандаҳоро ба ҳисоб мегиранд. Дар Тоҷикистон асосан гург (тамоми сол), рубоҳ (1 нояб.— 15 февр.), шағол (тамоми сол), гуроз (15 сент.—31 дек.), заргуш (1 нояб. 31 дек-.), нахчир (15 сент.—31 дек.), кабк (1 окт.—15 февр.), бедона (1 окт.—45 февр.), кабутари ваҳшӣ (1 сент.—31 дек.), мурғобӣ (1 окт.— 15 янв.’), қашқалдоқ (15 сент.—-13 дек.) Ш. карда мешавад.

Хирс, шерпаланг (ирбис), холгул, гурм, морхур, архар, мурғи ҳилол, тазарв, ғози куҳӣ ва баъзе диг.-ро, ки дар «Китоби сурхи РСС Тоҷикистон» қайд шудаанд, сайд кардан манъ аст.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …