Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШЕРПАЛАНГ

ШЕРПАЛАНГ

ШЕРПАЛАНГ, юзпаланг, ирбис (Uncia uncia), як навъ ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи гурбашаклҳо мансуб аст. Дарозии баданаш қариб 130 см, думаш қариб 90 см, вазнаш 26 —40 кг. Пойҳои кутоҳ ва панҷаҳои паҳн дорад. Мӯинааш дароз, зич ва нарм аст. Шерпаланг хокистарранг ё сафедча буда, холҳои сиёҳ дорад, ки дар охири баданаш ба рахҳои кундаланг табдил меёбанд.

Дар минтақаҳои баландкуҳи Осиёи Марказӣ (дар баландии 3000 —5000 м) зиндагӣ мекунад. Дар СССР дар куҳҳои қисми шарқии Осиёи Миёна ва ҷан. Сибирь паҳн шудааст. Дар РСС Тоҷ. дар қ-куҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Туркистон, Қаротегин, Дарвоз, Вахш ва Бадахшону Помир вомехурад. Ғизояш асосан бузи куҳӣ, суғур, заргуш ва ғ. аст; баъзан ба ҳайвоноти хонагӣ низ ҳуҷум мекунад. Афзоиши Шерпаланг пурра тадқиқ нашудааст. Давраи ҷуфтшавиаш март — май мушоҳида шудааст; ҳомилагиаш 90—100 рӯз; одатан 2—3 (баъзан 1—5) бача мезояд. Шерпаланг ба Китоби сурх дохил гардидааст.

А. И. Соков.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …