Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ШАВКАТИ БУХОРОӢ

ШАВКАТИ БУХОРОӢ

ШАВКАТИ БУХОРОӢ (с. тав. номаълум, Бухоро — ваф. байни с-ҳои 1695—99, Исфаҳон), шоири тоҷик. Яке аз намояндагони барҷастаи сабқи ҳиндӣ. Падараш сарроф буд. Баъди таҳсил дар Бухоро пешаи падарро давом дода, ба шоири низ ном баровард. Баъдтар ба Эрон, Ҳиндустон сафар кард. Шавкати Бухороӣ шоири соҳибдевон аст. Асосан шоири ғазалсаро буда, дар қасида ва қитъаю рубоӣ низ дасти қавӣ дошт. Дар ашъораш носозиҳои замон, макру тазвири аҳли дин, ҳасудию нотавонбинӣ, бефаҳмию ҷоҳилии ҳукуматдорон, беадолатиҳои замона мазаммат гардида, сабру қаноат, саховат, ахлоқи ҳамида, дӯстию рафоқат, беозорӣ, ишқу ошиқӣ ва хушиҳои зиндагӣ тараннум шудаанд. Намунае аз ғазалиёти ӯ:

Ҷудо аз ошьёни худ зи бас ошуфтааҳволам,

Нагардад дом дам шерозаи маҷмӯаи болам.

Ба каф сарриштаи ғурбат, ба дил ёди ватан дорам,

Бувад ҳамчун гуҳар чашме ба рӯ, чашме ба дунболам.

Чӣ суд аз бахти сабзам, чун надорад толеам авҷе

Замингир аст ҳамчун сабзаи хобида иқболам.

Надорад шоҳиди саргаштагӣ машшотаро ҳоҷат.

Чу паргор аст аз хамёзаҳои пои халхолам.

 

Нусхаҳои гуногуни девонаш дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон маҳфузанд.

Ос.: Ашъори мунтахаб. Д, 1963; Нури аср [Аз ғазалиёт], Д., 1986.

М. Аҳмадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …