Маълумоти охирин

ШАРҚӢ

ШАРҚӢ, як навъ суруди инқилобист. Дар солҳои аввали Революцияи Октябрь, марҳалаҳои аввали ташаккули ҳаёти социалистӣ дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд омада, мазмуни сиёсию иҷтимоӣ дошт. Дар он ягонагии халқҳо, ваҳдати коргарону деҳқонон, бартарии ҳаёти нави социалистӣ, пирузии ғояҳои Рев. Октябрь тараннум шудааст. Бештар шоирони пешқадаму инқилобӣ Шарқӣ гуфтаанд. «Марши ҳуррият», .«Инқилоби Сурх»-и С. Айнӣ, баъзе шеърҳои А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ ва М. Раҳимӣ Ш. мебошанд. Шарқиро калонсолону мактабиён пеш аз маҷлису ҷамъомадҳо ва рӯхҳои ид месуруданд. Шарқӣ суруди пионерон низ буд.

В. Шермуҳаммадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …