Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФУДДИНИ ТУСӢ

ШАРАФУДДИНИ ТУСӢ

ШАРАФУДДИНИ ТУСӢ Шарафуддини Музаффар ибн Муҳаммади Тусӣ (с. тав. номаълум, Тус — ваф. тақр. 1210), мунаҷҷим ва риёзидони форс-тоҷик. Қисми асосии ҳаёташ дар дарбори амирони Ҳамадон гузаштааст. Аз таълифоти Шарафуддини Тусӣ асарҳои зерин то замони мо расидаанд: «Масоили ҷабр ва муқобала», ки он бо номи «Рисолаи муодилот» низ маълум аст. Дар ин асар услуби тақрибӣ ҳал намудани муодилаҳои кубӣ баён шудааст, ки ҳоло онро ба Виет ва Ньютон нисбат медиҳанд. Аз рисолаҳои дигари Шарафуддини Тусӣ инҳо низ маъруфанд: «Ҷавоб ан суол амир ул-умаро Шамсуддии», «Рисола фи ҳаттайн-ил-лазайн яқрубони ва ялтадиёни», «Китоб фӣ маърифат-ил-устурлоб – ил – мусаттаҳ ва-л- амал биҳӣ», «Рисола фи-л-ус-турлоб-ил-хаттӣ» ва «Рисола фи-л-осор-ил-улвия». Дастнависи ин асарҳо дар китобхонаҳои Лондон, Лейден, Истамбул маҳфузанд.

Х. Ф. Абдуллозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …