ШАКИНГ, шакингмуруд (Ру-rus bucharica), як навъ муруди худрўест аз оилаи настаранҳо. Одатан то 6—8 м, баъзан 12—15м қад мекашад. Шакинг дарахти серҳосил аст. бехи он то 152 кг ҳосил медиҳад. Танҳо дар Помиру Олой ва Тиёншон мерўяд. Дар Тоҷикистон (нишебиҳои ҷан. кўҳи Ҳисор, к-кўҳҳои Қаротегин, Пётри 1, Дарвоз, Ғозималик, Сарсарак, Boботоғ, Oқтоғ, Зарафшон) асосан дар минтақаи ҷангалзори паҳнбарг ва гармсер (1600—2200 м аз с. б.) месабзад. Шакинг дарахти гармипарвард буда, нишебиҳои санглоху региро мустаҳкам мекунад, хокро аз эрозия нигоҳ медорад. Ба он навъҳои муруд ва нокро пайванд мекунанд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л.. 1976. А. Ғаниев.