Маълумоти охирин

ШАКИНГ

ШАКИНГ, шакингмуруд (Ру-rus bucharica), як навъ муруди худруест аз оилаи настаранхо. Одатан то 6—8 м, баъзан 12—15м кад мекашад. Шакинг  дарахти серхосил аст. бехи он то 152  кг хосил медихад. Танхо дар Помиру Олой ва Тиёншон меруяд. Дар Точикистон (нишебихои чан. кухи Хисор, к-куххои Каротегин, Пётри 1, Дарвоз, Гозималик, Сарсарак, Boботог, Oктог, Зарафшон) асосан дар минтакаи чангалзори пахнбарг     ва гармсер (1600—2200 м аз с. б.) месабзад. Шакинг дарахти гармипарвард буда, нишебихои санглоху региро мустахкам мекунад, хокро аз эрозия нигох медорад. Ба он навъхои муруд ва нокро пайванд мекунанд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л.. 1976. А. Ганиев.

murud

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …