Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШАҲРИ ЛОЗУҚИЯ

ШАҲРИ ЛОЗУҚИЯ

ЛОЗУҚИЯ (ба забони руссӣ Латакия) – шаҳрест дар шимолу ғарбии кишвари Сурия, дар соҳили баҳри Миёназамин воқеъ аст. Маркази маъмурии вилояти Лозуқия мебошад. Координатҳои шаҳри Лозуқия дар харитаи ҷаҳонӣ: 35°31′25″ шимолӣ ва 35°47′30″ шарқӣ. Аҳолии Лозуқия ба аввали соли 2017 иборат аз 570 ҳазор нафар буда тӯли 50 соли охир тақрибан 5 маротиба афзудааст.

ШАҲРИ ЛОЗУҚИЯ ДАР СУРИЯ

Бандари асосии мамлакат ва ибтидои роҳи оҳани Лозуқия—Ҳалаб—Қамишлӣ (758 км.), ки бо ёрии ҳукумати давлатӣ шӯравиҳо сохта шудааст. Корхонаҳои пахтатозакунӣ, орду равғанкашӣ, тамоку ва собунпазӣ дорад. Инчунин равғани зайтун ва матоъҳои шоҳӣ истеҳсол мекунанд. Лозуқия шаҳри қадимист. Дар асри 7 онро арабҳо забт карда буданд.

Ҳарорати ҳаво тобистон дар Лозуқия то + 30 дараҷа селсия гарм ва зимистон на кам аз +5 дараҷа селсия гарм мешавад. Боришот ба ғайр аз моҳҳои июн июл ва август дигар боқи моҳҳо бо бориш буда ба ҳисоби миёна дар як сол 750 милиметр борон меборад, ки дар байнашон моҳҳои декабру январ аз ҳама сербориш мебошанд.

ШАҲРИ ЛОЗУҚИЯ ДАР ХАРИТА

Дар давраи юришҳои салибдорон барои Лозуқия байни салибдорону арабҳо ҷангҳои бисьёр ба амал омаданд. Солҳои 1516—1918 дар ҳайати империяи туркҳои Усмонӣ, аз 1918 то 1943 зери ҳукмронии фаронсавиҳо буд. Соли 1943 дар ҳайати вилояти Лозукия ба Сурия гузашт. Соли 2011 бар асари бархурди террористон ва ҳукуматдорон шаҳр зарари ҷиддӣ дида мардуми зиёде аз он ба дигар давлатҳои дунё муҳоҷират карданд. Зодгоҳи раисҷумҳури Сурия (Башар ал Асад) маҳз аз шаҳри Лозуқия аст.

ВИДЕО ОИДИ ШАҲРИ ЛОЗУҚИЯ

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …