Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нисса

Шаҳри Нисса

Нисса (Nice), шаҳр ва бандарест дар ҷануби Франсия, дар соҳили баҳри Миёназамин. Маркази маъмурии департаменти Алпҳои Наздибаҳр. Узели муҳимми роҳҳои нақлиёт. Маркази калони курорт ва туризми Европаи Ғарбӣ. Аҳолиаш 322,4 ҳазор нафар(1968). Корхонаҳои саноати атриёт, бофандагӣ, дӯзандагӣ, мебел,  хӯрокворӣ, электротехникӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар атрофи шаҳр гулпарварӣ ва мевапарварӣ ривоҷ ёфтааст. Нисса— ватани Ҷ. Гарибалди; оромгоҳи А. И. Герсен низ дар ҳамин ҷост. Университет (аз 1965), киностудия, 8 музей дорад. Дар Нисса ёдгоридҳои асрҳои 17— 18 боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …