Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Лодз

Шаҳри Лодз

ЛОДЗЬ (Lodz), шаҳрест дар қисми марказии Полша. Дар бахшгоҳи д-ҳои Висла ва Одер воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии воеводаи Лодзь. Аҳолиаш 810 ҳазор нафар (1976). Аз ҷихати бузургӣ ва аҳамияти саноатиаш баъди Варшава дуюмин шаҳри мамлакат. Узели калони нақлиёт. Калонтарин маркази саноатӣ бофандагии Польша (газвор, калоба, мовут, абрешим, трикотаж).

Лодз шахри полша

Корхонаҳои Лодз барои мошинҳои бо электр ҳаракаткунанда таҷҳизот, киноаппаратура, трансформатор, дастгоҳҳои бофандагӣ. нахи сунъӣ ва синтезӣ, маснуоти резинӣ ва чарму пойафзол истеҳсол мекунанд. Саноати полиграфӣ ва хӯрокворӣ низ ривоҷ ёфтааст. Университет, институтҳои политехникӣ, тиббӣ ва ғ., киностудияи марказии РХП, театри опера ва театрҳои дигар, китобхона дорад. Ба хотираи ҷанговарони Армияи Советӣ ҳайкал — мақбара гузоштаанд (1961).

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛОДЗ

Лодз бори аввал дар маъхазҳои асри 14 зикр шудааст. Аз асри 15 шахр. Солҳои 1905—07— яке аз марказҳои революционии Польша. Соли 1939 онро истилогарони фашистӣ забт карда, Лицманштадт ном ниҳоданд. 19 январи 1945 Лодзро Армияи Советӣ озод намуд.

Лодз дар харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …