Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич

ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич

shahidi-t

ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич  (тав. 13. 3. 1946, Душанбе), композитори советии тоҷик, писари Зиёдулло Шаҳидӣ. Лауреат Мукофоти комсомоли ленини Тоҷикистон (1978). Аъзои КПСС аз .с. 1983. Аъзои Правленияи ИБ Тоҷикистон аз с. 1981. С. 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанберо (таҳти роҳбарии Ю. Г. Тер-Осипов) хатм карда, с-ҳои 1969—72 дар Консерваторияи давлатии Москва (синфи композиция назди А. И. Хачатурян) донишашро такмил дод. С-ҳои 1974—76 омӯзгори Ин-ти давлатии санъати Тоҷикистон, 1976—80 муҳаррири мусиқии киностудияи «Тоҷикфилм» ва аз с. 1982 муҳаррири мусиқии телевизиони тоҷик. Асарҳои Шаҳидӣ: балети «Марги судхур» (Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик, 1978), «Рубоиёти Хайём» (киностудияи «Тоҷикфилм», бо дархости телевизиони марказӣ, 1981), Чор симфония, аз ҷумла «Тоҷикон» (1978), «Абуалӣ ибни Сино» ва «Мақомот» (ҳар ду 1984); концерт барои сюитаи балетӣ, увертюраҳои «Ба съезди 26-уми КПСС» ва «Республикаамон» барои оркестри симфонӣ, чор квартет барои созҳои торӣ, кантатаҳо, асарҳои созию овозӣ ва камеравӣ, мусиқӣ барои кинофилм ва спектаклҳо.  Шаҳидӣ дар асарҳояш ба мусиқии анъанавии тоҷик такья карда, аз  чашмаи илҳоми оҳангсозони номвар низ баҳра мебарад. Симфонияи 2-юми Шаҳидӣ дар Симпозиуми байналхалқии Самарканд (1983) ва достони симфонии «Идона»-и у дар Фестивали дуюми байналхалқӣ (Москва, 1984), дар Симпозиуми байналхалқии «Минбари Осиё» (Алмаато), ҳамчунин дар Булғория, Румыния, Чехословакия, Испания садо додаанд. Аз с. 1972 узви ИБ СССР.

З. Тоҷикова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …