ШАБИ ЯЛДО дарозтарин шаби аввали моҳи дай, ки ба 22 дек. рост меояд ва онро инқилоби зимистонаи Офтоб инз мегӯянд. Офтоб дар ян вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23°27) мегузарад ва рўз аз ҳама кӯтоҳ ва шаб аз ҳама дароз мешавад. Бисьёр шоирони классикии форс-тоҷик Шаби ялдоро ҳамчун образи шеърӣ истифода намудаанд.