Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САМТРЕДИА

Шаҳри САМТРЕДИА

САМТРЕДИА, шаҳрест (аз 1921) дар РСС Гурҷистон, маркази pайони Самтредиа. Дар пастии Колхида, соҳили рости дарёи Риони, 244 км шимолу ғарбтар аз Тбилиси воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 23,4 ҳазор нафар (1975).

samtredia

Корхонаҳои нақлиёти роҳи оҳан, саноати хӯрокворӣ, (комбинатҳои консерв, гӯшти чорво ва парранда, фабрикаҳои чой ва ғайра), фабрикаҳои пиллакашӣ, ресмонресӣ, комбинати чӯбгарӣ, заводи блокҳои бетонӣ дорад. Дар шаҳр музейи санъати тасвири ва 3 театри халқӣ ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …