Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ХАНОЙ

Шаҳри ХАНОЙ

ХАНОЙ («На NOi), пойтахти Республикаи Сосиалистии Ветнам, бандар дар дарёи Хонгха. Аҳолии Ханойи Калон 2,7 млн. нафар (1985). Маркази муҳимми иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ, коркарди металл, бофандагӣ, чуббурию чӯбгарӣ, чарм, хӯрокворию адвиёт, саноати химия.

xanoy

Университет дорад. Дар асри 5 бунёд ёфтааст. Аз асри 11 пойтахти давлати Ветнам, аз аввали асри 19 шаҳри асосии шимоли Ветнам аст. Солҳои 1902—45 пойтахти Ҳиндухитойи франсавӣ буд. Аз 1945 пойтахти РДВ (аз июли 1976—РСВ). Ёдгориҳои меъмориаш: дайри Дён-Бо (1049), «Дайри адабиёт», бахшида ба Конфусия (асри 11) ва ғайра.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …