Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТОҶИКИСТОН

СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТОҶИКИСТОН

hizb-kommunisti-tojikiston

СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТОҶИКИСТОН, органи олии Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Съезд фаъолияти ташкилоти партиявии республикаро дар давраи ҳисоботӣ ҷамъбаст мекунад ва масъалаҳои муҳими идеологиро ҳал менамояд. Съезд мувофики Устави КПСС дар ҳар 5 сол як маротиба даъват карда мешавад. Бо ташаббуси Комитети Марказӣ съезди ғайринавбатиро даъват намудан мумкин аст. Дар съездҳои Партияи Коммунистии Тоҷикистон ҳисоботҳои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон муҳокима, комёбиҳои дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба дастомада ҷамъбаст карда мешаванд. Съезд масъалаҳои ташкилиро низ дида мебарояд; аъзоён ва номзадҳо ба аъзоии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, Комиссияи тафтишот ва дигар органҳои марказии партияро интихоб мекунад. Дар солҳои 1930—1986 20 съезди Партияи Коммунистии Тоҷикистон даъват шудааст.

(Съезди 1-ум («муассисон) 6— 15 июни 1930 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 147 вакил бо овози ҳалкунанда ва 141 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съеад: Маърӯзаи Комитети Марказии ВКП(б); Маърӯзаи Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии ВКП(б); Ҳисоботи Комиссияи тафтишот; Маърӯзаи намояндаи Комиссияи марказии назорати ВКП(б) оидба Осиёи Миёна; Ҳисоботи Комитети Марказии ПК(б) Тоҷикистон; Маърӯза дар бораи маорифи халқ; Маърӯза дар бораи сохмони колхозӣ; Маърӯза дар бораи сохтмони саноат; Маърӯза дар бораи ҳаракати иттифоқи касаба дар Тоҷикистон; Маърӯзаи Комиссияи назорат — ИКД; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики) Тоҷикистон ва вакилони Съезди 16-уми ВКП(б).

Съезд фаъолияти Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистонро дар фосилаи Конференсияи 2-юми Комитети вилоятин партия ва Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Дар съезд аз рӯи ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевики)) Тоҷикистон резолюция қабул карда шуд, ки дар он вазъияти сиёси ва иқтисодии Ресспубикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон таҳлил гардида, вазифаҳои навбатии ташкил ва мустаҳкам кардани аппарати давлатии реслублика, инкишофи саноат, нақлиёт, савдо, мустаҳкам намудани сохтмони колхозию совхозӣ муайян карда шуд. Сьезд ба масъалаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани корҳои аппарати партиявӣ, советӣ ва хоҷагӣ, мустаҳкам кардани ягонагии ленинии сафҳои партия, ба муборизаи зидди шовинизми абардавлатӣ ва миллатчиёни маҳаллӣ диққати махсус дод. Съезд қайд кард, ки комёбиҳои иқтисодӣ ва мадании республика дар асоси дуруст ба амал татбиқ намудани сиёсати миллии ленини, кумаки доимии хокимиятиСоветӣ ва мадади меҳнаткашони тамоми мамлакат ба даст омадавд. Съезд ташкил ёфтани Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистонро пурра барасмият даровард. Сьезд органҳои роҳбарикунандаи ПК(б) Тоҷикистон ва вакилони Съезди якуми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)-ро интихоб намуд.

С ъ е з д и 2-ю м 7—14 январи 1934 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 240 вакил бо овози ҳалкунавда ва 134 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштаяд. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики); Ҳисоботи Комитети Марказии Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Ҳисоботи Коммисияи марказии назорати ПК(б) Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти ПК(б) Тоҷикистон; «Дар бораи вазифаҳои сахтмони милллю маданӣ дар Тоҷикистон»; Интихоби органҳои роҳбарикуналдаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон ва вакилони Съезди 12-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики). Сьезд қайд кард, ки халқи тоҷик бо роҳбарии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон дар тараққиёти социалистии республика муваффақиятҳои калон ба даст овард. Дар фосилаи съездҳои 1-ум ва 2-юми ПК(б) Тоҷикистон ба хоҷагии халқи республика 484,3 млн сӯм гузошта шуд. 14 корхонаи саноатӣ ба кор даромад. Соли 1933 маҳсулоти умумии саноат назар ба соли 1930 қариб се маротиба афзуд. Съезд ба тараққии минбаъдаи хоҷагии қишлоқ диққати махсус дода қайд кард, ки бо роҳбарии ташкилоти партиявӣ ва шӯъбаҳои сиёсии МТС колхозҳо аз ҷиҳати ташкилиюхоҷагӣ мустаҳкам гардиданд ва то давраи съезд бештар аз нисфи зиёди хоҷагиҳои доҳқониро муттаҳид намуданд. Съезд инкишофи маданиятн шаклан миллию мазмунад социалистии халқи тоҷикро низ қайд намуд. Вай фаъолияти Партияи коммунистии республикаро дар бобати азинавсозии социалистии хоҷагӣ ва маданият дар чор соли охир ҷамъбаст карда, программаи тараққиёти минбаъдаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро муайян намуд.

Съезд органҳои роҳбаригкунандаи Партияи Коммунистии (болшевики) Тоҷикистон ва вакилони Съезди 17- уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)-ро интихоб кард.

А. Қодиров, Ш. Ҷалилов.

Съезди 3-юм 16—27 августи 1937 дар Душанбе барпо гардид, ки дар он 314 вакил бо овози ҳалкунанда ва 78 вакил бо овози машваратииштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон Дар съезд комёбиҳои баъди Съезди 2-юми ба дастовардаи халқи тоҷик ҷамъбаст ва пешомадҳои минбаъдаи тараққиёти хоҷагии халқи республика муайян карда шуданд. Съезд органҳои роҳбарикунандан Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистонро интихоб намуд.

Съезди 4-ум 7—14 июни 1938 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 207 вакил бо овози ҳалкунанда ва 74 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисобоии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтшиоти Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)ТоҷикистонСьезд қайд кард, ки қарорҳои Пленуми январии Комитети Марказии Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики) ва Пленуми февралии Комитети МарказииПартияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон ба инкишофи танқид ва худтанқидкунӣ, бартараф гардидани камбудиву хатоиҳо, баланд шудани савияи идеявии коммунистон ва мустаҳкам гаштани қобилияти кории ташкилоти партиявии республика мусоидат карданд. Съезд аз рӯи ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии(болшевик) Тоҷикистон резолюция қабул кард, ки дар он роҳҳои минбаъда пурзур гардондани кори партиявию сиёсӣ, пешаз хама тараққиёти иқтисодӣ ва маданияти республика, тадбирҳои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда муайян карда шуданд. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистонро интихоб намуд.          Ҳ. Дӯстов.

Съезди 5-уми 22—27 феврали 1939 дар Душавбе барпо гардид. Дар он 166 вакил бо овозн ҳалкунанда ва 70 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Муҳокимаи тезисҳои Съезди 18-уми партия аз рӯи маърӯзаи В. М. Молотов — «Плани панҷсолаи 3-юми тараққиёти хоҷагии халқи СССР»; Муҳокимаи тезисҳои Съезди 18-уми партия аз рӯи маърӯзаи рафиқ Жданов—«Тағйирот ба Устави Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики); Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистонба вакилони Сьезди18-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики). Съезд вазифа гузошт, ки кори қабул ба партия (пеш аз ҳама аз ҷумлаи коргарону колхозчиёни пешқадам) ва тарбияи онҳо мусоидати беҳтар карда шавад.

Сьезд тезисҳои Комитети Марказии Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)-ро ба Съезди 18-уми партия дар бораи плани панҷсолаи 3-юми тараҳқиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳол 1938—42 ва тезисҳо оид ба тағйирот дар Устави Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)-ро муҳокима намуда, якдилона маъқул донист.

Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевик) Тоҷикистон ва вакилони Сьезди 18-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)-ро интихоб намуд.

Съезди 6-ум 13—17 марти 1940 дар Душанбе барпо гардид. Дар съезд 153 вакил бо овози ҳалкунанда ва 66 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Ҳисоботи Камиссияи тафтишотн Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон. Дар Съезд натиҷаҳои аввалини иҷрои қарорҳои Съезди 18-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)дар Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуданд. Қоидаи нави қабули аъзою номзад ба аъзоии партия, ки онро Устави партия муайян намуд, имкон дод сафи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон хеле афзояд. Миқдори коммунистони республика дар давоми бештар аз як сол қариб 4 ҳазор зиёд шуда, ба 12250 нафар расид. Съезд аз ташкилотҳои партиявӣ талаб кард, ки ба масъалаи ба партия ҷалб памудани занони фаъол, одамони пешқадами корхонаҳои саноатию МТС-ҳо, колхову совхозҳо, тарбияи коммунистии меҳнаткашон, аз ҷиҳати назариявӣ тайёр кардани кадрҳо бештар диққат диҳанд.

Сьезд органҳои роҳбарикунандан Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистонро интихоб намуд.

С ъ е з д и 7-ум 20—23 декабр 1948 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 266 вакил бо овози ҳалкунанда ва 38 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевик )Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон. Дар маърӯзан ҳисоботӣ фаъолияти ташкилоти партиявии республика дар бадали бештар аз ҳашт сол таҳлил ва ҷамъбаст карда шуд. Сьезд ба фаъолияти ташкилотчигии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳои баланд дод. Дар ин давра ташкилоти партиявии республика ба тайёр кардани қисмҳои ҳарбӣ, ба таълимӣ ҳарбӣ сафарбар намудани меҳнаткашон, ба эҳтиёэҷоти фронт равона кардани тамоми захираю имкониятҳои дюддн, мустаҳкам кардани сафҳои партия ва ғайра диққати ҷидди дод.

Съезд вазифаҳои ташкилоти партиявии республикаро дар панҷ соли наздик муайян кард ва программаи нави тараққиёти пахтакориро қабул намуд. Съезд аз рӯи маърӯзаи қисоботии Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон қарор қабул кард, ки дар он роҳи сиёсии Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон дуруст ва кори амалиаш қаноатбахш ҳисобида шуд. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистонро интиҳоб намуд.

Д. Дӯстов.

Съезди 8-у м 19—22 сентябр 1952 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 358 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон; Лоиҳаи директиваҳои Съезди19-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевик)дар бораи плани панҷсолаи 5-ум ва лоиҳаи Устави нави партия; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи ПК(б) Тоҷикистон ва вакилони Съезди 19-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики). Съезд дар баробари қайд намудани муваффақиятҳои калоне, ки республика дар сохтмови хоҷагӣ ва маданӣ ба даст оварда буд, бисьёр камбудиҳои ҷиддии кори партиявиро ошкор карда, роҳҳои бартараф намудани онҳаро нишон дод. Съезд лоиҳаи Директиваҳои Съезди 19-уми партияро дар бораи плани панҷсолаи 5-ум ва лоиҳаи Устави нави партияро муҳокима намуд ва маъқул донист. Съезд лоиҳаи Директиваҳои Съезди 19-уми партияро ба роҳбарӣ гирифта, вазифаҳои асосии плани панҷсолаи 5-уми тараққӣ додани хоҷагии халқи республикаро муайян кард. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии (болшевики)Тоҷикистон ва вакилони Сьезди 19-уми Вакилони Партияи Коммунистии (болшевики)-ро интихоб намуд.

С ъ е з д и 9-у м 18—20 январи 1954 дар Душанбе барпо гардад. Дар он 333 вакил бо овози ҳалкунанда ва 40 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарнкунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Дар маърӯзаи хисоботӣ қайд карда мешуд, ки республика бо роҳбарии Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар инкишофи иқтисодиёт ва маданият муваффақиятҳои калон ба даст овард. Дар соҳаи саноат плани соли сеюми панҷсолаи 5-ум пеш аз мӯҳлат иҷро карда шуд. Съезд роҳҳои минбаъда беҳтар кардани кори дохилипартиявӣ ва идеологиро пешбинӣ намуда, аз ташкилотҳои партиявӣ талаб кард, ки ба принципи роҳбарии коллективона риоя кунанд, худтанқидкунӣ ва танқидро итасипюф диҳад, фаъолият ва ташаббуси коммунистонро баланд бардоранд. Съезд ҳамаи меҳнаткашоин республикаро даъват намуд, ки мусобиқаи социалистиро барои бомуваффақият иҷро кардани вазифаҳоя панҷсолаи 5-ум ривоҷу равнақ дода, ба тараққӣ додани иқтисодиёт ва фаровон гардондани молхои сермасраф ҳиссаи сазовор гузоранд. Съезд органҳои роҳбарикунандаи  Партияи Коммунистии Тоҷикистонро интихоб намуд.

Ҳ. Аҳмадов.

С ъ е з д и 10-у м 26—29 январи 1956 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 351 вакил бо овози ҳалкунанда ва 38 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштаяд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети МарказииПартияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Маърӯза дар бораи лоиҳаи Директиваҳои Комитети Марказии КПСС оид ба плани панҷсолаи 6-уми тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1956—60; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 20-уми КПСС.

Съезд аз рӯи ҳисоботи Камитети Марказӣ ва Маърӯзаи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон резолюция қабул карда, дар он фаъолияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистонро қаноатбахш донист ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотро тасдиқ кард. Съезд маърӯзаро дар бораи лоиҳаи Директиваҳои Съеади 20-умиКПСС оид ба плани панҷсолаи 6-уми тараққиёти хоҷагки халқи СССР барои солҳои 1956—60 муҳокима намуда, онро маъқул донпст. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи  Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Сьезди 20-уми КПСС-ро интихоб намуд.   Р. Шарифов.

Съезди 11-ум 14— 16 феврали 1958 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 331 вакил бо овози ҳалкунанда ва 38 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикуналдаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон, Съезд натиҷаҳои кори зиёди меҳнаткашони Тоҷикистонро, ки бо роҳбарии Партияи коммунистӣ дар роҳи иҷрои қарорҳои таърихии Сьезди 20-уми КПСС анҷом доданд, ҷаъмъбаст намуд.

Съезд вазнфаҳои конкретии партияро барои солҳои наздик муайян намуда ба зиёд кардани манбаъҳои энергетикӣ, тараққӣ додави саноатя сарватҳои табиат ва индустрияи бинокорӣ диққати махсус дод.

Съезд диққати органҳои партиявӣ, советӣ ва хоҷагиро ба тезондани сохтмони муҳимтарин иншоютҳои ирригационӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани комёбиҳои илм, таҷрибаи пешқадами, ба ривоҷ додани сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва маданӣ маишӣ ҷалб кард ва дар назди онҳо вазифа гузошт, ки кори идеологиро беҳтар намоянд.

Съезд органҳои роҳбарикунаандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистонро интихоб намуд.

Съозди 12-ум (ғайрияавбатӣ)14—15 январи 1959 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 403 вакил бо овози ҳалкунанда ва 55 вакил бо овози машваратӣиштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Тезисҳои маърӯзаи Комитети Марказии КПСС ба Съезди 21-уми КПСС «Рақамҳои контролии тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1959— 65» ва вазифаҳои ташкилоти партиявии Тоҷикистон; Интихоби вакилони Сьезди 21-уми КПСС. Съездрақамҳои контролии плани ҳафтсоларо муҳокима карда, онро маъқул донист ва вазифаҳои конкретии ташкилоти партиявии республикаро дар бобати минбаъда тараққӣ додани хоҷагии халқ дар ҳафт сол муайян кард.

М. Солеҳов, Р. Шарифов.

Съезди 13-ум 4—6 феврали 1960 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 439 вакил бо овози ҳалкунанда ва 53 вакил бо овоэи мапгваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоооти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандая Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Съезд фаъолияти ташкилоти партиявии республикаро дар инкишофи хоҷагии халқи Тоҷикистон ҷамъбаст карда қайд намуд, ки баъди Съезди 12-ум 30 корховаи нави саноатӣ ва цехҳои калон ба кор андохта, 42 корхонаи саноатии нав сохта шуд.

Съезд аз ҷиҳати ташкилӣ мустаҳкам шудани партия ва боз ҳам афзудани сафҳои вайро қайд кард. Шумораи умумии комунистони республика баъди Съезди 12-ум 6637 нафар афзуд.

Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммуниятии Тоҷикистонро интихоб кард. Ҳ. Дӯстов.

Съезди 14-ум 21—23 сентябр 1961 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 709 вакил бо овози ҳалкунанда ва 89 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Дар бораи лоиҳаи Программаи Партияи Котимунистии ИттифоқиСоветӣ; Дар бораи лоиҳаи Устави Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ; Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандага Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 22-юми КПСС.

Съезд ташкилотҳои партиявии республикаро вазифадор намуд, ки кори партиявӣ — ташкилӣ ва партиявӣ — сиёсиро беҳтар ба роҳ монда, ба нормаҳои ленинии ҳаёти партиявӣ қатьиян риоя кунанд, мавқеи ташкилотҳои ибтидоии партиявиро баланд бардоранд, принципи ленинии интихоб, тарбия ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳоро ба амал бароранд. Вакилани съезд сиёсати дохилӣ ва берунии КПСС ва Давлати Советиро маъқул донистанд.

Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилониСъеади 22- юми КПСС-ро интихоб намуд.

  1. Дӯстов.

Съезди 15-ум 25—26 декабри 1963 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 775 вакил бо овози ҳалкунанда ва 85 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзношаи съезд: Ҳисоботии Комитети МарказииПартияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Дар съезд қайд карда шуд, ки халқи тоҷик қарорҳои Съеэди 22-юми КПСС ва Съезди 14-уми Партияи Коммунистии Тоҷикистонро ба ҳаёт татбиқ намуда, дар сохтмони каммунистӣ муваффақиятҳои калон ба даст овард. Съезд натиҷаҳои меҳнати эҷодкорона ва муборизаи меҳнаткашонро дар давраи баъди Съезди 14-ум ҷамъбаст намуда, вазифаҳои минбаъдаи партияро дар соҳаи иқтсодиёт, маданият ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии халқ муайян намуд.

Съезд сиёсати дохилӣ ва берунии КПСС-ро якдилона маъқул донист. Съезд аз рӯн ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон резолюция «қабул кард, Съезд ҳисоботи Комиосияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистонро муҳокима намуда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул кард. Съезд органҳои роҳбарнкунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистонро интихоб намуд.

Съезди 16-ум 2—3 марти 1966 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 749 вакил бо овози ҳалкунанда ва 79 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съеэд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Дар бораи лоиҳаи Директиваҳои Съезди 23-юми КПСС оид ба плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1966—70; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 23-юмл КПСС.

Съезд ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистонро муҳокима намуда, аз рӯи онҳо резолюция ва қарорҳои махсус қабул кард. Съезд маърӯзаҳои дар бораи Директиваҳои Съезди 23-юми КПСС оид ба плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1966—70 ва роҳҳои асосии тарақкиёти хоҷагии халқи республикаро муҳокима намуда, якдилона тарафдорӣ кард. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 23-юми КПОС-ро интихоб намуд.     Р. Шарифов.

Съезди 17-у м 18—19 федрали 1971 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 822 вакил бо овози ҳалкунанда ва 37 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съеад: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Дар бораи лоиҳаи Директиваҳои Съезди 24-уми КПСС оид ба плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1971—75; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 24-уми КПСС.

Съезд сиёсати дохили ва берунии Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советиро якдилона маъқул дониста, аз рӯи маърӯзаи ҳисоботии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон резолюция қабул кард, лоиҳаи Директиваҳои Съеади 24-уми КПСС- ро оид ба плани палҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1971—75 муҳокима намуда, маъқул донист (нигаред Плани панҷсолаи тарақиёти хоҷагии халҷи РСС Тоҷикистон).

Съезд нишон дод, ки Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз ҷиҳати ташикилӣ ва идеавию сиёсӣ мустаҳкамтар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи аъзоёни ташкилоти партиявии республика 13 449 нафар зиёд шуда, ба 86732 нафар  коммунист расид.

Съезд дар бораи лоиҳаи Дарективаҳои Съезди 24-уми КПСС оид ба плани панҷсолаи тараққиёти хоҷагии халқп СССР барои солҳоя 1971— 75 қарор қабул кард. Съезд органҳои роҳбарикунандои Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 24-уми КПСС-ро интихоб намуд.

Съезди 18-ум 27—29 январи 1976 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 936 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Ҳисоботи Камиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Дар бораи лоиҳаи Комитети Марказии КПСС оа Съездк 25-уми партия «Роҳҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1976—80; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 25-уми КПСС.

Съезд сиёсати дохилӣ ва берунии партияро якдилона маъқул дониста, ба фаъолияти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон баҳои баланд дод. Съезд аз рӯи ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон резолюция қабул кард. Оид ба лоиҳаи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба Съезди 25-уми партия «Роҳҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқи СССР барои солҳои 1976—80 қарор қабул намуд.

Дар давраи ҳисоботи партия аз ҷиҳати ташкилӣ, идеявию сиёсӣ мустаҳкам гардид, сафҳои он хеле афзуд. Съезд нишон дод, ки роҳбарии партия ба иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои комсомолӣ ва дигар ташкитлотхои ҷамъиятӣ, оргастҳои маъмурӣ беҳтар гардид. Съезд органҳои роҳбарикунандал Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 25-уми КПСС-ро интихоб намуд.

Съеади 19-ум 23—25 январи 1981 дар Душанбе барпо гардид. Дар он 985 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1976—1080: Ҳисоботи Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Дар бораи Лоиҳаи КМ КПОС ба Съезди 26-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ «Роҳҳои асооил таракқиёти иқтисодӣ ва социалии СССР дар солҳои 1981—85 ва дар давраи то соли 1990»; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съеади 26-уми КПСС.

Съезд қайд кард, ки халқи советӣ дар таҳти роҳбарии Партияи коммунистӣ ба марҳалаи нави сохтмони коммустистӣ қадам мегузорад. Тоҷикистон дар зарфи панҷ соли гузашта муваффақиятҳои калон ба дост овард («нигаред: Плани панҷсолаи тарақиёти хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон). Съезд ҳисоботҳои Комитети Марказӣ ва Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии Тоҷикистонро шунида, фаъолияти ташкилотчигӣ ва сиёсии ташкилоти партиявии республикаро таҳлил намуд ва тараққиёти иқтисодӣ ва социалии Тоҷикистонро дар панҷ соли гузашта ҷамъбаст кард.

Съезд Лоиҳаи роҳҳои асосли тарақиёти мамлакатро маъқул донист ва вазифаҳоя ташкилоти партиявии роспубликаро дар панҷсолаи ёздаҳум нишон дод. Съезд органҳои роҳбарикунандои Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва вакилони Съезди 26-у-мм КПСС-ро иктихоб намуд.

Р. Шарифов.

Съезди 20-ум 24—25 январи 1966 дар шахри Душанбе барпо гардид. Дар он 1018 нафар вакилон иштирок намуданд. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи ҳисоботии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1981—85; Ҳисоботи Комиссияи тафтстшоти Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Дар бораи лоиҳаи таҳрири нави Программаи КПСС; Дар бораи тағйирот дар Устави КПСС; Дар бораи Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии СССР дар солҳои 1986—90 ва дар давраи то соли 2000; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Интихоби вакилони Съезди 27-уми КПСС.

Дар съезд қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати ташкилоти партиявии республика такмил ефт. Дар ин муддат 292 ташкилоти ибтидоии партиявӣ, 444 ташкилоти партиявии цехӣ ва 418 гурӯҳи партияшш нав барпо шуд. Ташкилоти гғартиявии республика ҳоло 5447 ташкилоти ибтидоӣ, 4495 ташкилоти цехӣ ва 3325 гурӯҳҳои партиявӣ дорад. Ба ҷузъҳои истеҳсолот, ки пеш дар онҳо коммунистон набуданд, бештар аз 5,5 ҳазорнафар ташкилотчиёни партиявӣ фиристода шуданд. Шумораи коммунистон дар байни бинокорон ва чорводорон бештар гардид. Сифати ҳайати котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, цехӣ ва гурӯҳҳи партиявӣ беҳтар шуд.

Дар давраи Съезд ҳайати Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз 4 комитети вилоятӣ, 14 комитети шаҳрӣ, 4 комитети районии шаҳрӣ ва 37 комитети деҳотии партия иборат буд.

Ташкилотҳои партиявии республика аз рӯи қарорҳои Съезди 26-умл КПСС, пленумҳои КПСС ва Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон амал карда, дар давраи ҳисоботӣ барои ба ҳаёт зич алоқаманд намудану инкишоф додани кори идеологӣбаланд бардоштани шуури сиёсӣ ва вусъат додани фаъолияти меҳнатии одамон тадбирҳо андешиданд. Шаклу воситаҳои кори идеявию тарбиявӣ мукаммалтар шуда, самараи фаъолияти идеологии ташкилотҳои ибтидоӣ ба андозае афзуд. Дар баробари ин съезд камбудиҳои кори ташкилию партиявиро ошкор намуда, вазифаҳои ташкилотҳои партиявии республикаро дар ин бобат нишон дод.

Съезд аз руи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳи дахлдор қабул намуда, пешомадҳои минбаъдан тараққиёти хоҷагии халқи республикаро мувофиқи Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии СССР дар солҳои 1986—90 ва дар давраи то соли 2000 муайян намуд. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистонва вакилони Съезди 27-уми КПСС-ро интихоб кард.     Ш. Султонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …