Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ ВЛКСМ

СЪЕЗДИ ВЛКСМ

sezd-vlksm

СЪЕЗДИ ВЛКСМ, органи олии Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Умумииттифоқро гӯянд. Съездҳои навбатӣ, мувофиқи Устави ВЛКСМ (соли 1962 Съезди 14-ум қабул карда буд, соли 1966 Съезди 15-ум ва соли 1974 Съезди 17-ум тағйироти ҷузъӣ дароварданд), аз тарафи Комитети Марказии ВЛКСМ камаш як бор дар 4 сол даъват карда мешаванд. Даъвати съезд ва тартиби кори он якуним –як моҳ пеш аз съезд эълон карда мешавад. Ҳадди намояндагиро ба съезд Комитети Марказии ВЛКСМ муайян мекунад; Съезд ҳисоботи Комитети Марказии ВЛКСМ, Комиссияи марказии тафтишотро шунида, тасдиқ мекунад; Устави ВЛКОМ-ро аз нав мебинад, тағйир медиҳад, тасдиқ мекулад; роҳи асосии кори комсомол ва вазифаҳои навбатии ВЛКСМ-ро муайянмекунад; Комитети Маркази ВЛКСМ ва Комиссияи марказии тафтишотро интихоб мекунад (ҳамон ҷо, § 26). Қарорҳои съезд барои ҳамаи ташкилотҳои ВЛКСМ ва ҳар як аъзои комсомол ҳатмист.

Съездҳои ВЛКСМ дар заминаи демократии васеъ гузаронида мешаванд. Вакилони съезди ВЛКСМ -ро съездҳои ЛКСМ-и республикаҳои иттифоқӣ, конференсияҳои кишварӣ ва вилоятии комсомол бо роҳи овоздиҳии пӯшида (махфӣ) интихоб мекуяанд;

ВЛКСМ аз соли 1918 ин ҷониб 20 съезд гузаронд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …