Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАЗВЕДКАИ СЕЙСМИКӢ

РАЗВЕДКАИ СЕЙСМИКӢ

РАЗВЕДКАИ СЕЙСМИКӢ, сейсморазведка, усулҳои тадқиқоти сохти геологии қишри Замин, ки ба омӯзиши хусусиятҳои паҳншавии мавҷҳои чандире, ки ҳангоми зилзила ё ба таври сунъӣ (аз таркиш, зарба) ҳосил шудаанд, асос ёфтаавд. Усулҳои асосии Разведкаи сейсмикӣ: усули мавҷҳои инъикосшуда (УМИ) ва усули мавҷҳои шикаста (УМШ). Ба мақсадҳои разведка истифода бурдани мавҷҳои инъикосшударо соли 1913 олими америкоӣ Р. Фессенден ва соли 1923 новобаста аз ӯ инженери советӣ В. С. Воютский муайян кардаанд. Ин усул солҳои 1928—1930 татбиқи амалӣ ёфт. Усули мавҷҳои шикаста, ки соли 1919 геофизики немис Л. Минтроп баён карда буд, солҳои 1922—1923 татбиқ гардид. Намуди ҳозираи ин усулро геофизики сове­тӣ Г. А. Гамбурсев кор кардааст (1939). Ғайр аз ин ду усул боз усу­ли мавҷҳои гузарандаро низ исти­фода мебаранд. Дар ин маврид мавҷҳоеро мушоҳида мекунанд, ки аз қабатҳои тадқиқшаванда мегузаранд. Дар ин ҳол магбаи лаппишҳои чандир ва пункти мушоҳидаро дар ду ҷониби объекти геологӣ ҷой медиҳанд.

seysmorazvetka

Ҳангоми исгафодаи усули мавҷҳои инъикосшуда (УМИ) мавҷи сейсмикии тавассути таркиш ё худ таъсири механикӣ ангезонидашуда ба ҳама тараф паҳн мешавад ва пай дар пай то ба якчанд ҳудудҳои инъикоскунанда рафта мерасад.

Дар дар яке аз он ҳудудҳо мавҷи инъикосшуда ба амал меояд, ки онро қабулкунандаҳои сейсмикӣ ба қайд мегирад. УМИ дар як вақт дар умқҳои аз 0,1—0,2 то 7—10 км тадқиқ намудани сохти геологии За­мин ва бо саҳеҳияти то 1—2% муайян намудани умқи ҳудудҳои сейсмикиро имконпазир мегардонад. УМИ яке аз усулзои саҳеҳу возеҳтарини тадқиқи қабатҳои таҳшинӣ ба ҳисоб меравад, ки онро асобан ҳангоми кофтукови нефту газ ва инчунин ҳангоми омӯзиши баъзе конҳои сарватзои зеризаминӣ ва тадқиқоти регионалии геологӣ ис­тифода мебаранд.

Усули мавҷҳои шикаста (УМШ) ба мушоҳидаи мавҷҳое асос ёфтааст, ки онҳо дар қабати суръати паҳншавии мавҷҳои сейсмикиашон фарқкунанда шикаст мехӯранд ва дар ин қабат масофаи муайянеро

тай намуда, баъди шикастхӯрии такрорӣ ба сатҳи Замин бармегарданд.

УМШ-ро истифода бурда, мавқеъ ва шакли як ё якчанд чунин қабатро муайян кардан мумкин аст.

Усули пезоэлектрӣ (УПЭ) низ мансуби Разведкаи сейсмикӣ, ки он ба эф­фекти пезоэлектрӣ асос ёфтааст.

Дар он хусусиятҳои паҳншавии мавҷҳои чандир дар асоси мушоҳидаи мавҷи электромагнитии аз таъсири онҳо (ҳангоми ба пегматит ва ҷинсҳои куҳӣ таъсир расонидан) ангехта тадқиқ меёбад. УПЭ кашфи ҷинсҳои кӯҳиеро, ки дорои хусусиятҳои пезоэлектрианд, имконпазир мегардонад.

Ба сифати манбаи лаппишҳо таркиши зарядҳоро дар чоқҳои на онқадар чуқур (даҳҳо м) ва инчунин дастгоҳҳои сайёри вибратмионию зарбатиро истифода мебаранд. Лаппишҳои механикии ҳосилшударо қабулкунандаҳои сейсмикӣ қабул карда, ба лаппишҳои электрӣ табдил медиҳанд; онҳо дар навбати худ тавассути хатҳои васлия ё худ радио ба стансияи сайёри разведкаи сейсмикӣ ирсол меёбанд. Ҳар як лаппиши аз қабулкунакҳо омада пурзӯр гардонида мешавад, табдил меёбад ва ба қайд гирифта мешавад, ки дар натиҷа сейсмограммаи магнитии саҳроӣ ҳосил мешавад.

Разведкаи сейсмикиро дар ҳалли масъалаҳои геологияи структурӣ бештар бо мақсади кофтукови қабатҳои аз нефту газ бой ва ба пармакунии разведкавӣ омода сохтани он қабатҳо ис­тифода мекунанд. Дар Тоҷикистон Разведкаи сейсмикиро дар кофтукови конҳои неф­ту газ, тадқиқоти регионалию инженерӣ ва ғайра васеъ ба кор мебаранд. Яке аз ноҳияҳои нефтугаздиҳандаи СССР депрессияи Фарғона мебошад, ки қисми ғарбии он дар территорияи республикаи мо ҷой гирифтааст. Дар минтақаи тоҷикистонии депрессияи Фарғона то соли 1980 бо усулҳои Разведкаи сейсмики 31 қабат (структура) чи аз нефту газ перспективанок кашф шуд, ки 11-тои он барои пармакунии умқӣ тайёр аст. Тавассути Разведкаи сейсмикӣ қариб дар ҳамаи минтақаҳои тектоникии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (депрессияи Тоҷикистон) мушоҳидаҳои сейсмикӣ гузаронида мешаванд. Бо ин роҳ масъалаҳои зиёди (масалан, кофтукови

конҳои нефту газ дар минтақаҳои Кӯлобу Вахш, тадқиқи сохти умқӣ дар минтақаи Кофарниҳон, тадқиқоти ҳодисаи дар қабатҳои геологӣ паҳншавӣ ва инъикосёбии мавҷҳои сейсмикӣ ва ғайра) ҳал хоҳанд шуд. Солҳои охир усулҳои Разведкаи сейсмикиро инчунин барои прогнози зилзила исти­фода мебаранд.

Ад.: Г у р в и ч И. И., Сейсморазвед­ка, М., 1070; Вархурдарндн А. А., Готфрид П. Ю., Петрова Н. В., Состояние и пути повышения эффективности сейсмических работ при по­иске нефтегазоносных структур в Север­ном Таджикистане, Д., 1978; Рамаза­нова С. М., Развитие сейсмических ме­тодов и возможности повышения эффективности сейсморазведки при работах на нефть и газ в Юге-Западном Таджи­кистане, Д., 1980.

Л. М. Фихиева

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …