Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕКСОЛОГИЯ

СЕКСОЛОГИЯ

СЕКСОЛОГИЯ (аз лотинӣ sexus — ҷинс), ҷинсомӯзӣ, «илми ҷинс», як фасли тибро гӯянд, ки масъалаҳои биологии ҷинс, гигиена ва психологияи алоқаи ҷинсӣ, никоҳ ва оила, тарбияи ҷинсӣ ва ғайраро меомӯзад. Шаҳват ё ҳисси шаҳвонӣ ва ҳаёти ҷинсӣ яке аз ғариза (инстинкт)-ҳои зӯртарини ҷонварон — наслронӣ ё давом додани авлоди қабилаи мазкур аст. Муносибат ва қоидаю урфу одатҳои халқу миллатҳои ҷаҳон, пайравони динҳои мухталиф оид ба баъзе масъалаҳои Сексология (ситқи ҷанин, тарбияи ҷинсӣ, хатна, гигиенаи алоқаи ҷинсӣ, оиладорӣ, никоҳ ва талоқ, муносибати зану мард, таваллуди фарзанд ва ғайра) ба куллӣ фарқ мекунанд. Бинобар он бисёр ҷанбаҳои Сексология дуруст ва пурра омӯхта нашудаанд. Тадқиқи объективии масъалаҳои ҷинс аз давраи Эҳё баробари инкишофи анатомия ва физиологияи одам оғоз ёфт. Аммо ҷиҳатҳои психологйӣ ва иҷтимоии ҳисси шаҳвонӣ (ҷинсӣ) фақат аз нуқтаи назари ахлоқу одоб ва педагогӣ таҳти муҳокима қарор мегирифт. Сексологияи асри 20 рӯ ба тараққӣ оварда ба як соҳаи мустақили илми тиб табдил ёфта истодааст. Соли 1921 якумин конгресси байналхалқии Сексология барпо гардид. Соли 1928 Лигаи умумиҷаҳонии ислоҳоти ҷинсӣ ташкил ёфт.

Тадқиқи илмии ҳозираи Сексология асосан аз се равия (биологию тиббӣ; иҷтимоию таърихӣ, психологӣ) иборат аст. Масъалаи муҳимтарини Сексология тарбияи ҷинсӣ аст. Оид ба носозиҳо ва инҳирофоти ҳаёти ҷинсӣ нигаред Сексопатология.

М. Я. Расулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …