СЕНСИТОМЕТРИЯ (аз лотинӣ sensitivus – ҳассос ва …метрия), як соҳаи метрологияи фотографиро гӯянд, ки нурҳиссӣ ва дигар хосиятҳои фотографии фотоматериалҳоро меомӯзад. Сенситометрия асосан солҳои 40 асри 19 ташаккул ёфта, сараввал бо ченкунии нурҳиссии фотоматериалҳо машғул буд (пайдоиши номаш ҳам аз ҳамин ҷост). Баъдтар соҳаҳои татбиқи Сенсимтометрия васеъ гардиданд (ҳозир усулҳои фотометриро дар астрономия, спектроскопия ва дигар соҳаҳо истифода мебаранд).
Вобаста ба навъи фотоматериалҳои тадқиқшаванда се навъи Сенситометрия мавҷуд аст: Сенситометрияи материалҳои фотографии сиёҳу сафед, Сенситометрияи материалҳои фотографии ранга, Сенситометрияи қоғазҳои фотографӣ ва Сенситометрияи фотоматериалҳое, ки афканишоти ионизаторро ба қайд мегиранд. Дар Сенситометрия аз денситометр, микрофотометр, сенситометр, спектросенситометр ва асбобҳои дигар истифода мебаранд.