СЕНАТ, номи палатаҳои болоии парламентҳои аксар мамлакатҳои буржуазӣ (Белгия, Ирландия, Италия, Франсия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Канада, Мексика, Бразилия, Малайзия, Туркия, Лесото, Либерия ва ғайра). Дар баъзе мамлакатҳо Сенат бо роҳи интихобот (Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Италия) ё зина ба зина (Франсия) ташкил шуда, дар баъзеи онҳо пурра (Канада, Иордания) ё қисман (Ирландия, Туркия) аз тарафи роҳбари давлат таъин мешавад.