ШИЛЛЕР (Schiller) Иоҳанн Фридрих (10. 11. 1759, Марбахи Некар — 9. 5. 1805, Веймар), шоир ва драматурги немис, назариётчии санъати Маорифпарварӣ, баробари Г. Э. Лессинг ва И. В. Гёте асосгузори адабиёти классикии немис аст. Рӯҳи исён ва озодихоҳӣ, ҳифзи қадру манзалати инсон, нафрат доштан ба тартиботи феодалӣ хусусияти драмаҳои дар айёми ҷавонӣ навиштааш мебошанд («Роҳзанон», 1781; «Суиқасди Фиеско», 1783; «Макр ва муҳаббат», 1784). Бархурди орзую армонҳои маорифпарварон бо воқеияти зиндагӣ, таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои иҷтимоии гузашта боиси афзудани драматизми фоҷиаҳои Ш. «Дон Карлос» (1783—87), «Мария Стюарт» (1801) ва ғ. гардиданд. Фоҷиаҳои мазкур, драмаи халқии «Вилделм Телл» (4804) асоси назарияи Ш.-ро дар бораи «тарбияи эстетики» ташкил додаанд. «Тарбияи эстетики»-ро Ш. як воситаи оқилонаи танзими сохти иҷтимоӣ медонист.
Эҷодиёти Ш. ба театр ва драматургияи ҷаҳон таъсир расонидааст. Ба забони тоҷикӣ шеърҳояш тарҷума шудаанд. «Макр ва муҳаббат» дар театрҳои тоҷик намоиш дода мешавад.