САРВАТИ МИЛЛӢ, маҷмӯи неъматҳои моддие, ки дар ихтиёри ҷамъият аст. Вобаста ба тарзи истеҳсолот Сарвати миллӣ дар ихтиёри ҷамъият ё дар дасти синфҳо, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида буда метавонад. Дар давраи капитализм қисми зиёди Сарвати миллӣ дар дасти синфҳои истисморкунанда аст. Дар давраи сотсиализм бошад, Сарвати миллӣ ин маҷмӯи захираи неъматҳои моддии дар натиҷаи меҳнати наслҳо бавуҷудомада ва ба гардиши хоҷагӣ ҷалб намудани заҳираҳои табиӣ мебошанд.
Таҷрибаи истеҳсолӣ ва илмию техникии меҳнаткашон дар инкишофи Сарвати миллӣ мақоми махсус дорад. Тамоми неъматҳои моддии дар натиҷаи меҳнат офаридашуда вобаста ба аҳамияти худ дар ҳаёти иқтисодии ҷамъият ба қисмҳои зерин ҷудо мешаванд: 1) фондҳои асосӣ ва гардони истеҳсолии хоҷагии халқ (биноҳо, иншоот, машинаҳо, таҷҳизот, ашёи хом, масолеҳ, сӯзишворӣ ва ғайра); 2) захираҳои молӣ (маҳсулоти тайёре, ки дар анборҳои муассисаҳои сотсиалистию ташкилотҳои савдоӣ вуҷуд доранд) ва суғуртавии хоҷагии халқ; 3) фондҳои ғайриистеҳсолӣ; 4) моликияти шахсии аҳолӣ; 5) ба просесси такрористеҳсолкунӣ ҷалб намудани неъматҳои табиӣ — майдонҳои хоҷагии қишлоқ, ҷангалҳо, обҳо, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергияи обӣ ва ғайра. Дар давраи сотсиализм Сарвати миллӣ ба тамоми ҷамъият ё ба коллективҳои алоҳидаи меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё ба хонавода ва аъзоёни алоҳидаи ҷамъият тааллуқ дорад. Сарвати миллӣ баробари тараққиёти истеҳсолоти ‘ҷамъият, афзудани фондҳои андӯхт ва истеъмол ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ инкишоф меёбад. Афзоиши Сарвати миллӣ дар замони сотсиализм барои зиёд кардани ҳосилнокии меҳнат ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии моддии меҳнаткашон мусоидат мекунад.
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …