Маълумоти охирин

САРНАЙ

САРНАЙ, сарқамиш, эриантус (Епап1Ьиз), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Пояаш 3 метр қад мекашад, хӯшагулаш хеле калони туғшакл аст. Тақрибан 25 намуди Сарнай дар кишварҳои баҳри Миёназамин, ноҳияҳои субтропикӣ ва тропикии Осиё ва Америка мерӯяд.

eri

Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (аз ҷумла дар Тоҷикистон) фақат 1 намуди Сарнай (Е. гачеппае) месабзад. Он асосан дар водии дарёҳо нумӯ меёбад. Сарнайзорҳои фарох мавҷуданд. Поя ва барги Сарнайро барои бофтани сабад, бӯрё, арғамчин, барои бомпӯшӣ, инчунин чун сӯзишворӣ истифода мебаранд.
А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …