Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САРБАДОРОН

САРБАДОРОН

САРБАДОРОН Деҳқонон, ҳунармандон ва заминдорони хурде, ки дар ҳаракати халқии озодихоҳии асри 14 дар Эрон ва Осиёи Миёна бар зидди истилогарони бодиянишини муғулу турк ва феодалони маҳаллӣ иштирок кардаанд. Ташкилкунанда ва роҳбари ғоявии Сарбадорон шайхи масҷиди ҷомеъи шаҳри Сабзвор Ҳалифа буд. Баъди кушта шудани ӯ (1335) сардори Сарбадорон шогирди Халифа шайх Ҳасани Ҷӯра мешавад, ки вай ташкилоти Сарбадоронро ба силсилаи (ташкилоти) суфия табдил медиҳад. Ҳар як узви силсила ӯҳдадор буд аъзоии худро махфӣ дорад, ҳамеша мусаллаҳ бошад ва бо аввалин даъвати шайх ба хизмат ҳозир шавад. 16 марти 1337 деҳқонони деҳаи Баштини Хуросон аэ зулми амалдорони муғул ба дод омада шӯриш бардоштанд. Шӯришгарон савганд хӯрданд, ки ё бедодгариҳоро барҳам медиҳанд ё сари худ ба дор месупоранд. Номи Сарбадорон аз ҳамин ҷост.
Сарбадорон августи 1337 шаҳри Сабзворро гирифта онро ба маркази давлати худ (1337—1381) табдил доданд. Сарбадорон бо роҳбарии Ваҷҳуддин Масъуд (1338—44) бар лашкари ихтиёрии ашрофи бодиянишини муғулу турк ғалаба карда, шаҳри Нпшопур ва Тӯсро ба даст дароварданд. Баъд аз ин Ваҷҳуддин Масъуд унвони султонро мегирад. Соли 1353 Сарбадорон ба охирин ҳокими (элхони) Гургон Туға Темур зарба зада, ӯро ба қатл мерасонанд ва Гургонро бо шаҳри Астаробод ба давлати худ ҳамроҳ мекунанд. Давлати Сарбадорон дар ин давр аз Хуросони Ғарбӣ ва Гургон иборат мешавад. Давлати Сарбадорон давлати демократияи деҳқонӣ не, балки давлати заминдорони хурд буд, ки фақат ба туфайли гузаштҳои зиёде ба деҳқонон вуҷуд дошт. Дар давлати Сарбадорон ягонагӣ набуд. Барои соҳиб шудан ба ҳокимият байни ду ҷараён — ҷараёни мӯътадил (намояндагони заминдорони хурд, ки фақат барои аз юғи муғул озод шудан сар бардошта буданд) ва ҷараёни чап (намоянда- гони дарвешони силсила Ҳасани Ҷӯра, ки ба ҳунармандон ва деҳқонони камбағал такя карда, барои умумӣ кунонидани молу мулк кӯшиш мекарданд) мубориза мерафт. Вазифаҳои муҳими давдатӣ бештар дар дасти намояндагони ҷараёни мӯътадил буд. Намояндагори ҷараёни чап баробарҳуқуқиро талаб мекарданд. Би- нобар ин амирони ҷараёни мӯътадил талаби дарвешонро ба андозае ба назари эътибор мегирифтанд. Лекин зиддияти байни ҷараёнҳои мӯътадил ва чап давом мекард. Соли 1304 ҷараёни мӯътадил бар ҷараёни чап ғалаба карда, ба дарвешон ҷазо дод. Дар натиҷаи ин муборизаи дохилӣ давлати Сарбадорон суст шуд. Темур аз ин вазъият истифода бурда, соли 1381 давлати Сарбадоронро барҳам дод.
Дар ниман дуюми асри 14 ғояҳои Сарбадорон дар Мовароуннаҳр низ паҳн шуда, боиси сар задани шӯриши Сарбадорони Самарқанд гаштанд. Соли 1361 хони муғул Туғлуқ Темур ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварда, дар қатори якчанд шаҳру деҳот Самарқанду Кеш (Шаҳ- рисабз)-ро ишғол кард. Соли 1364 ҳокими Балх амир Ҳусайн ва Темур якҷоя ба муқобили Туғлуқ Темур бархоста, ӯро аз Мовароуннаҳр рон- данд. Баъди як сол Илёсхоҷа (писари Туғлуқ Темур) бо қувваи зиёде ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард. Амир Ҳусайн ва Темур дар соҳили дарёи Чирчиқ бо лашкари Илёсхоҷа ҷангиданд. Амир Ҳусайн ва Темур шикаст хӯрданд ва Самарқанду Кешро партофта ба Балх гурехтанд (нигаред, Ҷанги лой). Илёсхоҷа ба Самарқанд лашкар кашид. Ҳунармандон, деҳқонон, заминдорони хурд — сарбадорон бо сардории Мавлонозода мудофиаи Самарқандро ба ӯҳда мегиранд. Мардуми шаҳр қарор медиҳанд, ки дар мубориза қурбон мешаванду ғоратгарони муғулро ба Самарқанд роҳ намедиҳанд.
Дар ташкили мудофиаи Самарқанд ғайр аз Мавлонозода Абӯбакри Калавии наддоф ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ низ роҳбарӣ менамуданд. Мудофиаи шаҳр хеле хуб ташкил карда шуд. Илёсхоҷа Самарқандро гирифта натавонист ва маҷбур шуд гирду атрофи шаҳрро ғорат карда, ба ватанаш баргардад. Амир Ҳусайн ва Темур аз рафтани муғулҳо бохабар шуда, баҳори соли 1306 бо лашкари худ ба наздикии Самарқанд омаданд ва ба роҳбарони мудофиа нома на- виштанд, ки кори идораи Самарқанд ба онҳо дода мешавад ва ваъда карданд, ки касеро ҷазо намедиҳанд. Роҳбарони Сарбадорон бовар карда, ба лашкаргоҳи амир Ҳусайн ва Темур рафтанд ва ҳама (ғайр аз Мавлонозода) кушта шуданд. Ба ҳамин тариқ ҳарақати Сарбадорон пахш карда шуда, амир Ҳӯсайн ва Темур аз нав ба Самарқанд соҳиб гардиданд. Солҳои 1365— 1366 ҳаракати Сарбадорон деҳоти атрофи Самарқандро низ фаро мегирад. Дар солҳои 1373—1374 шӯриши Сарбадорон дар Кирмон сар зад, ки қувваи асосии он деҳқонону камбағалони шаҳр буданд. Сарбадорон молу мулки феодалонро мусодира намуда, соҳибони иқтоъ ва рӯҳониёни олиро ба қатл расониданд. Соли 1383 дар Сабзвор низ шӯришн Сарбадорон сар зад, ки онро Темур пахш карда, шаҳрро ба харобазор табдил дод ва 2 ҳазор сокинони онро зинда ба зинда зери девор гӯронид. Ҳаракати Сарбадорон, ки дар он бештар деҳқонон, ҳунармандон ва за- миндорони хурд иштирок карданд, дар зери пардаи ғояҳои шиа ва та- саввуф гузашта буд.
Адабиёт: Петрушевский И. П.. Движение сербедарон в Хорасане, «Учётная запись ИВ Академии Наук Союза Советских Социалистических Республик», Москва, 1956, том 14; Б а р т о л ь д В. В. Народное движение в Самарканде в 1365 году Сочинение, том 2, часть 2, Москва, 1962; История таджикского народа, том 2, километр. 1, Москва 1964; История Самарканда, том 1, Ташкент, 1969; Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972. А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …