Маълумоти охирин
Главная / Биология / САПРОФИТҲО

САПРОФИТҲО

САПРОФИТҲО пӯсида ва— растанӣ), растаниҳоеанд, ки аз ҳисоби моддаҳои органикии тайёри организмҳои мурда ва ҷонварони зинда ғизо мекунанд. Аз рӯи навъи ғизогириашон Сапрофитҳо ба организм^ои гетеротрофӣ мансубанд. Сапрофитҳо С. якҷоя бо организмуои автотрофӣ дар гардшпи моддаҳо дар табиат мавқеи муҳим доранд.

saprofitho

Онҳо моддаҳои органикии тани ҳайвонҳои мурда ва моддаҳоеро, ки ҳайвонҳои зинда ҷудо мекунанд, то ба об, гази карбонат, аммиак ва моддаҳои ғайриорганикӣ таҷзия менамоянд. Сапрофитҳо хусусан дар байни бактерияҳо, актиномисетҳо ва занбӯруғҳо хеле бисёранд. Аз обсабзҳо политома (аз оилаи хламидомонадаҳо) ва прототека (аз оилаи протококкҳо) ба Сапрофитҳо мансубанд. Баъзе Сапрофитҳо метавонанд бо воситаи хӯрок ба организмҳои зинда гузаранд; як қатор организмҳои фо- тосинтезкунанда (масалан, обсабзҳои сабз) низ чун сапрофит ғизо гирифта метавонанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …