Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНГИНОВА Саломат

САНГИНОВА Саломат

САНГИНОВА Саломат (таваллуд30. 6. 1918, Бухоро), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сержанти калон; аз оилан деҳқон. Соли 1935 баъди хатми Техникуми занонаи педагогии Бухоро ба театри драмаи мусиқӣ ба кор омад. Солҳои 1941—1942 инструктори Комитсти комсомолии райони Бухоро. Моҳи июни 1942 дар ҳайати 11 нафар ҷавонзанони Бухоро ихтиёрӣ ба фронт рафт. Соли 1942 курси шашмоҳаи санитариро дар Москва хатм карда, дар ротаи санитарии Фронти З-юми Украина аввал санитарка ва баъд санинструктор шуд. Вай дар озод намудани шаҳрҳои Первомайск, Днепропетровск, Днепродзержинск, Николаев, Кишинёв, Винниса ва ғайра иштирок намуда, ҳаёти садҳо нафар ҷанговарони советиро аз марг наҷот дода- аст. Солҳои 1944—1945 Сангинова дар ҳайати ансамбли рақсу суруд ҳамчун раққоса ва сароянда барои ҷанговарон консертҳо дод. Сангтнова аз Москва то Австрия рафтааст. Баъди ҷанг ба зодгоҳаш шаҳри Бухоро баргашта, дар мактаб-интернати рақами 7 кор кард. Соли 1946 ба Душанбе омада, то соли 1949 инспектори шӯъбаи маорифи райони Орҷоникидзеобод шуд. Солҳои 1949— 1952 ходими музеи республикавӣ. Солҳои 1952—1973 дар системаи вазорати нақ- лиёт ва мактаби миёнаи рақами 45-и шаҳри Душанбе вазифаҳои гуно- гунро ба ҷо овард. Аз соли 1973 нафақахӯр. Бо медалҳои ҷангӣ ва гра- мотаҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …