Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНГИНОВ Бобо

САНГИНОВ Бобо

САНГИНОВ Бобо (таваллуд 16. 5. 1935, деҳаи Рарзи райони Айнӣ, вилояти Ленинобод), агроном-селексионер, номзади илмҳои хоҷагии қишлоқ (1967), аъзо-корреспондент. Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1976), Агрономи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1964). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1959. Мактаби З-солаи агрономии Ӯротеппа (1953) ва факултети агрономии Иститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст (1958). Солҳои 1953 сарагрономи шӯъбаи хоҷагии қишлоқи райони Мӯъминобод, 1958— 1959 ходими калони илмии шӯъбаи селексия ва тухмипарварии пахтаи Стансияи минтақавию таҷрибавии хоҷагии қишлоқи дар Вахш будаи Институти тадқиқоти илмии зироат, 1959—62 аспирант, 1962—1963 мудири шӯъбаи селексия ва тухмипарварии стансияи таҷрибавӣ ва аз соли 1963 директори стансияи номбурда (аз соли 1974 Филиали Институти тадқиқоти илмии зироат). Сангинов оид ба руёнидани навъҳои нави пахтаи маҳиннахи советӣ тадқиқот бурдааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 60 мақолаву асарҳои илмист. Навъи пахтаи маҳиннахи 5595-В-ро, ки ӯ ба вуҷуд овардааст, соли 1964 дар хоҷагиҳои пахтакори Вахш кишт карданд. Соли 1970 навъи нави 6465-В- ро, ки назар ба 5595-В аз ҳар гектар 3—4 сентнер зиёдтар ҳосил медиҳад ва ба касалиҳои вилти фузариозӣ ва сиёхтосаки реша тобовар аст, ба вуҷуд овард. Соли 1974 навъи,пахтаи маҳиннахи 6249-В ва соли 1978 навъи 7318-В- ро, ки Сангинов офаридааст, хоҷагиҳо кишт намуданд. Сангинов барои ихтирои навъҳои нави пахтаи маҳиннахи 5595-В ва 6465-В ва киштӣ онҳо сазовори Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид (1977). Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Точикистон (1970). Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Ни- шони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асос: Навъи пахтаи советии махиннахи 5595-В, Душанбе, 1965; Олим-селексионер. Душанбе, 1977; Резервы увеличения производства тонковолокнистого хлопчатника, Душанбе, 1978; Результаты селекционной работы с тонковолокнистым хлопчатником в Таджи- кистане, дар китоби: Дальиейшее развитие хлопководства в Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва,-. 1979.
М. Зикриёева.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …