Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ОРОИШИ АМАЛӢ

САНЪАТИ ОРОИШИ АМАЛӢ

САНЪАТИ ОРОИШИ АМАЛӢ, як навъи санъати ороишию тасвирист, ки асосан барои маишату рӯзгор маснуоти бадеӣ меофарад. Асбобу анҷомҳои гуногун, мебел, матоъ, олоти меҳнат, сару либос ва ҳама гуна ҷиҳози зебу зинат асари Санъати ороиши амалӣ шуда метавонанд. Асарҳои Санъати ороиши амаиро аз рӯи маснуоти масолеҳ (филизот, сафол, матоъ, чӯб ва ғайра) ва техникаи ороишоташон (наққошӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, зарробӣ ва ғайра) фарқ мекунанд.

suzani

Бозёфтҳои Санъати ороиши амалӣ дар ҳудуди Тоҷикистон — маснуоти кулолии Ҳулбук (вилояти Кӯлоб), кандакориҳои Панҷакенти Қадим ва Шаҳристон (вилояти Ленинобод), ҷиҳози зеру зинати тиллоию нуқрагии Вахшу Бешкент (вилояти Қӯрғонтеппа) ва ғайра аз инкишофи Санъати ороиши амалӣ дар давраи то милоду баъди он шаҳодат медиҳанд. Дар давраи советӣ Санъати ороиши амалӣ боз ҳам шашшоф ёфта, воситаи муҳими қонеъгардонии эҳтиёҷоти моддӣ, маданӣ ва маънавии омма гардид. Ҳоло дар корхонаҳои саноатӣ вобаста ба талаботи халқ истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти Санъати ороиши амалӣ зиёд карда шудааст. Нигаред, низ Заргарӣ, Зардӯзӣ, Кандакорӣ, Кашидадӯзӣ, Кулолӣ, Наққошӣ, Сӯзанӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …