Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САМОАИ ҒАРБӢ

САМОАИ ҒАРБӢ

САМОАИ ҒАРБӢ (Western Samoa), давлат дар  Полинез и я. Б а Иттиҳоди Британия дохил аст. Қисми ғарбни галаҷазираи Самоа дар уқёнуси Ором аз ҷазираҳои Савайн, Уполу, инчунин Аполима, Маноно на чандин ҷазазираҳои хурди беодам иборат аст. Масоҳаташ 2834 км2. Аҳолиаш 100 ҳазор нафар (1983). Пойтахташ — шаҳри Апиа.

samoa-islands
Сохти давлатӣ. Конститутсияи ҷориаш соли 1960 қабул шудааст. Асоси ҷамъиятро айга, яъне гурӯҳи оилавӣ ташкил мекунад, ки ба он пешво— сардории интихобшавандаи ҳамон роҳбар аст. Ба органи ҳокимият танҳо сардорони кабилаҳо ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан доранд. Онҳо ба мӯҳлати 3 сол парламенти якпалатагӣ — Маҷҳиси қонунбарорро дар ҳайати 45 пешвои қабила интихоб мекунанд; дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ аз ҷумлам аҳолии европои 2 нафар намояида интихоб мешавад. Сардори давлат аз соли 1963— пешво Малиетов Танумафили II мебошад. Мувофиқи конститутсия баъди вафоти ӯ сардори давлатро ба мӯҳлати 5 сол Маҷлиси қонунбарор интихоб мекунад. Сардори давлат ҳокимияти иҷтимоиро ба амал бароварда, сарвазирон ва вазиронро таъин менамояд.
Табиат. Ҷазираҳо кӯҳсор, ва пайдоишашон пулқони буда, асосан аз базалт иборатанд. нуқтаи баландтаринаш 1858 м (ҷазираи Савайи). Водиҳои фаpox массивҳои кӯҳиро аз ҳам ҷудо мекунанд. Соҳилхояш баланди шахдор. Иқлимат субэкваторӣ ва тропикӣ, сернами пассатӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона 25—27°. Боришоти солона 2000—1000 мм. Зуд-зуд тӯфонҳои харобиовар мехезанд. Олами набототаш ниҳоят бой, қариб 600 намудро дар бар мегирад, ки 25%-и он эндемикӣ мебошад. Сарахеҳои дарахтшакл ниҳоят бисёранд. Дар ҷангалҳои анбӯҳи сернами тропикӣ, ки онҳо дар хоки каҳваранги зардчатоб мерӯянд, навъи дарахтони қиматбаҳо бисёр аст. Дар минтақаҳои назди соҳил нахли порчил, дарахти
нон мерӯяд. Олами ҳайвонлташ камбағал; паррандааш бисёр ва гуногун.
Аҳолӣ. Қариб 99% аҳолии мамлакат самоагиҳо (якҷоя бо дурагаҳои самоагиҳо) — яке аз халкҳои полинезӣ мебошад, боқимонда мардуми дигар ҷазираҳои Уқёнусия ва европоиҳоянд. Забонҳои расмӣ — самоагӣ ва Англисӣ. Қариб 80%-и эътиқодмандон протестант, боқимонда асосан католик.
Дар мамлакат бекори иллати асосӣ шуда мондааст, бинобар он мардум ба дигар ҷойҳо (бештар ба Зеландияи Нав) ҳиҷрат мекунад. Аҳолӣ дар ҷазираҳои Уполу, Маноно, Аполима ва Савайи бештар ҷойгир шудааст. Шаҳри аз ҳама калонаш — Апиа.
Маълумоти таърихӣ. Дар замонҳои қадим дар территорияи ҳозираи Самоаи Ғарбӣ нолинезиягиҳо, ки даврат сохти қавму қабилавиро аз cap мегузарониданд, зиндагӣ мекарданд. Онҳо деҳқон, моҳигир ва бинокорони моҳир буданд. То замони аз тарафи европоиён (Я. Роггевен, Л. Бугенвил, Ж. Лаперуз) кашф гардидани ҷазираҳои Самоа (асри 18) аҳолии он давраи барҳамхӯрии муносибатҳои қавму қабилавиро аз cap мегузаронид.
Аз сабаби мавқек хуби географӣ доштани ҷазираҳои Самоа (ҷазираҳо дар роҳҳои баҳрӣ аз Америка ба Зеландияи Нав ва Австралия ҷойгиранд) барои ба даст даровардани онҳо байни давлатҳои капиталистӣ (Германия, Британияи Кабир, ИМА) мубориза cap шуд; Самоаи Ғарбиpo охири асри 19 Германия ба даст даровард. Августи 1914 колонияи Германияро дар Самоа қӯшунҳои Зеландияи Нав ишғол карданд. Моҳи май 1919 ҳангоми «тақсимоти» собиқ колонияҳои Германия Шурои Олии Антанта Самоаи Ғарбиро ба Хайати Зеландияи Нав гузаронд. Совети Лигаи Миллатҳо 17 декабри 1920 мандати Зеландияи Навро барои идоракунии Самоаи Ғарбӣ расман тасдик намуд. Аҳолии Самоаи Ғарбӣ бар зидди мустамликадорон мунтазам мубориза (солҳои 1908 —1909 баромадҳои калон ба амал омаданд) мебурд. Солҳои 20 дар Самоаи Ғарбӣ ташкилоти ватандӯстонаи «May» барпо шуд, ки он таҳти шиори «Самоа барои самоагиҳо» ба муборизаи зидди мустамликадорони Зеландияи Нав роҳбарӣ кард. Моҳи декабри 1929 халқи мамлакат бо талаби истиқлол ба намоиш баромад. Ба муносибати барҳам хӯрдани системаи мандати баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ТДМ Самоаи Ғарбиро ба васояти Зеландияи Нав гузаронд. Аҳолӣ дар коргузориҳои дохиҳӣ мухторият ба даст овард. Аммо мубориза барои истиқлолият қатъ намегардид. 18 октябри 1901 ТДМ дар бобати хотима ёфтани ваколат бар Самоаи Ғарбӣ қарор кабул кард. 1 январи 1902 Самоаи Ғарбӣ давлати соҳибистиқлол эълон шуд. Ҳамон сол ҳукумати Самоаи Ғарбӣ бо ҳукумати Зеландияи Нав
дар бораи дӯстӣ шартнома баст. Самоаи Ғарбӣ ба ТДМ дохил нашуд, бо давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ намонд (ягона намояндаи дипломатие, ки дар назди ҳукумати Зеландияи Нав таъин шудааст, ин комиссари олии Зеландияи Нав мебошад). Соли 1970 Самоаи Ғарбӣ ба Иттиҳоди Британия ҳамроҳ шуд.
Иқтисоднёт. Асоси иқтисодиёти мамлакат хоҷагии қишлоқ асосан зироаткорист. Заминҳои кишт, ки дар водиҳо ва минтақаи камбари назди соҳил воқеъ гардидаанд 31,7%-и майдони умумиро ишғол мекунад. Дар плантатсияҳо (аз они соҳибкорони Америка ва Зеландияи Нав) ва дар хоҷагиҳои аҳолии таҳҷой нахли норҷил, чормағз, банан, каҳва парвариш мекунад, ки маҳсулоти ин зироат асосан экспорт мешавад. Барои қонеъ гардондани талаботи дохилӣ дар ин ҷо батат ва ямс, ҷуворимакка, шолӣ, таро, афлесун, ананас ва ғайра парвариш мекунанд.
Чандин корхонаҳои хурд дорад, ки онҳо бо коркарди чӯби дарахтони қиматбаҳо (экспорт мешавад) машғуланл, корхонаҳои равғани нахли норҷил, собун, фабрткаҳои мебелу қаннодӣ ва осиёи қаҳва дорад. Шикор ва моҳигирб инкишоф ёфтааст. Намуди асосии нақлиёт автомобил аст, ки дарозии роҳҳои он 1800 км мебошад. Бандари асосӣ на аэропорти байналхалқӣ дар Апиа воқеъ гардидаанд. Дар мамлакат туризм тараққӣ кардааст. Самоаи Ғарбӣ ба хориҷа мағзт ҷавзи ҳиндӣ, какао, банан бароварда, аз хориҷа хӯрокворӣ, сӯзишворб, мол хок саноати сабук ва ғайра мегирад. Шарики асосии савдояш Зеландияи Нав. В о з и д и пул — доллара Самоаи Ғарбӣ (тала).
Маориф. Ба мактаби ибтидоии 6- сола кудакон аз синни 7 қабул мешаванд; таълим ба забонҳои англисӣ ва самоагӣ аст. Мактаби миёна 6-сола буда, ба ду зима: поёнӣ (3 сол) ва болоӣ (3 сол) ҷудо мешавад; дар ин ҷо таълим асосан ба забони англисӣ бурда мешавад. Дар системаи маорифи мамлакат ташкилотҳои миссионерӣ роли намоён мебозанд. Дар базан мактаби ибтидоӣ тайёрии касбӣ ба амал бароварда мешавад. Дар базан мактаби зинаи поёнӣ коллеҷи хоҷагии қишлоқ (дар Апиа, мӯҳлати таҳсил 4 сол) амал мекунад; коллеҷи педагогӣ барои мактабҳои ибтидои муаллим тайёр мекунад (мӯҳлати таҳсил 2 сол). Мактаби оли надорад. Қисми хатмкунандагони мактаби миёнаи зинаи болоӣ барои гирифтани маълумоти олӣ ба хориҷа (асосан ба ИМА) меравад. Дар Апиа китобхонаи оммавӣ (таъсисаш 1159) кор мекунад.
Матбуот. радио. Матбуоти мамлакат аз гезетаҳои хурдформат иборат: «Сивали» («Sayali»), таъсисаш 1904, ҳукумат, моҳе ду маротиба нашр мешавад; газетаҳои ҳарҳафтаинаи хусусӣ: «Самоа буллетин», («Samoa Bulletin»), таъсисаш 1900, «Самоа таймс» («The Samoa Times»), таъсисаш 1964. Қамаи газетаҳо ба забонҳои англисӣ ва самоагӣ чоп мешаванд. Идораи радиошунавонӣ ҳукуматист, аз соли 1948 инҷониб кор мекунад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …