Маълумоти охирин

САМО

САМО (соли таваллудаш номаълум — вафлташ 658), князи славянҳо (623—658), асосгузори аввалин иттиҳоди машҳури сиёсии славянҳои ғарбӣ ва қисман ҷанубӣ. Мувофиқи маълумоти Фредегер, Само тоҷири франк (аз рӯи ақидаи баъзе муаррихони муосир Само—славян) будааст. Соли 623 ба шӯриши славянҳо бар зидди аварҳо сардорӣ намуд ва баъди ғалабаи он князи сла- вянҳо интихоб гардид. Бо аварҳо ва франкҳо бомуваффақият ҷангида, соли 631 дар наздикии Вогастисбург франкҳо ва иттифокчиёни онҳо — алеманҳову лангобардҳоро торумор намуд. Отрядҳои Само ба ҳудуди шоҳии франкҳо зада даромада, мулкҳои Тюрингияро забт мекарданд. Дар бораи чигунагии иттиҳоди сиёсии ташкилнамудаи Само, ки баъди вафоташ барҳам хӯрд, дар байни славяншиносон ақидиҳои гуногун мавҷуданд: як гурӯҳ муаррихон онро иттифоқи қабилаҳо мешуморанд, гурӯҳи дигарашон — давлат.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …