Маълумоти охирин

САМО

САМО (соли таваллудаш номаълум — вафлташ 658), князи славянхо (623—658), асосгузори аввалин иттиходи машхури сиёсии славянхои гарби ва кисман чануби. Мувофики маълумоти Фредегер, Само точири франк (аз руи акидаи баъзе муаррихони муосир Само—славян) будааст. Соли 623 ба шуриши славянхо бар зидди авархо сардори намуд ва баъди галабаи он князи сла- вянхо интихоб гардид. Бо авархо ва франкхо бомуваффакият чангида, соли 631 дар наздикии Вогастисбург франкхо ва иттифокчиёни онхо — алеманхову лангобардхоро торумор намуд. Отрядхои Само ба худуди шохии франкхо зада даромада, мулкхои Тюрингияро забт мекарданд. Дар бораи чигунагии иттиходи сиёсии ташкилнамудаи Само, ки баъди вафоташ бархам хурд, дар байни славяншиносон акидихои гуногун мавчуданд: як гурух муаррихон онро иттифоки кабилахо мешуморанд, гурухи дигарашон — давлат.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.