Маълумоти охирин
Главная / Биология / САМАНДАР

САМАНДАР

САМАНДАР (Triturus), с а қ а н қ у р , як ҷинси ҳайвонҳот думдори обхокиро гӯянд, ки ба оилаи саламандрҳо мансуб аст. Дарозии танаш то 18 см; 10 намудаш бештар дар ҳамвориҳо ва кӯҳу ҷангалҳои Европа ва ноҳияҳои ба он ҳамшафати Осиё паҳн шудааст. Зимистонро дар хушкӣ (хонаи хояндаҳо, асри Санг ва дарахтҳои афтида, дар даруни кундаҳои пӯсида ва ғайра) мегузаронад.

triturus-cristatus2
Дар қисми ғарбии Украина Самандари холдор (S. salamandra) вомахӯрад; дарозии танаш то 70 см. Дар чойҳои соя ва нам, дар лонаи хояндаҳо, тарқиши харсангҳо зиндагӣ мекунад. Ҷинси Самандарҳои думдароз (МегtensieJla) аз ду намуд иборат буда, якеи онҳо (М. cancasica) дар ғарби Грузия маскун аст. Баҳорон барои тухмгузорӣ ба ҳавзҳои на он қадар чуқур мекӯчад. Пеш аз ин дар тахтапушт ва думи Самандари гарина шонаи баланди дандонадор пайдо мешанад. Бордоршавии Самандар чунин аст: Самандари нарина спорматофораҳоро, ки бисёр сперматозоид доранд, ба об cap медиҳад ва Самандари модина онҳоро бo канорҳои мақъадаш дошта мегирад. Сипас тухми бордоршуда (қариб 150) қисм-қисм гузошта мешавад. Кирмина баъди 3— 5 моҳ (баъзан баъди як сол) ба Самандар табдил меёбад. Самандар дар об асосан харчангшаклҳои майда, нармбаданҳо, ҳашароти обӣ, тухми курбоққа на дар хушкӣ бошад, лесаку кирми лойхӯрак, тортанак ва ҳашаротро мехӯрад. Самандар чун ҳайвони лабораторӣ -(барои гузаронидани таҷрибаҳо) истифода мешавад. Дар СССР 5 намудаш, аз ҷумла Самандари муқаррарӣ (Т. vulgaris) ва Самандари шонадор (Т. cristalus) васеъ паҳн шудааст. Баъзе обхокиҳои қумдори дигарро низ Самандар меноманд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …