Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САЛЛОХХОНА

САЛЛОХХОНА

САЛЛОХХОНА, кушншхона, кушхона, к а с с о б х о н а, муассисаест, ки дар он ҷо ҳайвоноти хоҷагии қишлоқро барои гӯшт мекушанд. Саллаххона дар маҳалҳои аҳолинишине, ки аз комбинатҳои гӯшт дуранд, воқеъ мешаванд. Саллаххона аз ҳавлии қабули чорво ва шӯъбаҳои қассобӣ, каллапоча, равғану чарбу, рӯда, пустнамаккунӣ ва ғайра иборат аст. Барои нигоҳдории маҳсулоте, ки зуд вайрон мешавад, яхдон дорад. Маҳсулоти Саллаххона: гӯшт, кал-лапоча, равғанҳои хӯрокии обкардашуда, анвои ҳасиб, пӯстҳои консервонидашуда, равғанҳои техникӣ, хӯроквориҳои пухта. Тамоми корҳот истеҳсолот аз рӯи технологияи содда ва бо риояи қоидаҳои гигиенӣ ва ветеринарию санитарӣ иҷро мешавад. Қабулу кӯшиши чорво, инчунин коркард ва ба истоэифода додани маҳсулоти хӯрокию техникиро кормандони ташкилоти ветеринарӣ назорат мекунанд. Дар назди комплексҳои саноатии чорводорӣ, фермаҳои калони чорводории совхозу колхозҳо ва дигар муассисаҳои хоҷагии қишлоқ барои кӯшиши чорво мувофиқи қатору тавсияи мутахассисони ветеринарӣ кӯшишхонаҳои ҳатмии чорво сохтаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …