Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛИМ Мирзо Муҳаммадқулӣ

САЛИМ Мирзо Муҳаммадқулӣ

САЛИМ Мирзо Муҳаммадқулӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 10-47, Кашмир), шоири эронӣ. Зодгоҳаш Теҳрон. Пас аз касби камол ва омӯхтани илму донтш муддате дар дарбори вазири Лоҳиҷон хидмат намуда, соли 1028 ба Ҳиндустон рафтааст. Салим дар Ҳиндустон ба дабори Шоҳиҷаҳон (1027 —1058) роҳ сфта, аммо дере нагузашта аз он ҷо меравад. Салим надимн Исломхони вазири Шоҳиҷаҳон гардида, ҳамроҳи ӯ ба Дакан ва дигар шаҳру вилоятҳои Ҳиндустон сафар кардааст. Чанд соли фаъолияти адабии ӯ дар Кашмир гузаштааст. Салим дар Кашмир ба тарбияи бисёр шоирони хушсалиқа машғул шудааст.
Аз мероси адабии Салим як девон (дорои 20 ҳазор байт), маснавиҳои «Чазову қадар», «Зафарномаи Исломхон» ва дигар асарҳо боқист. Салим асосан шоири ғазалсарой буда, дар аҷодиёташ таъсири Ҳофизи Шерозӣ хеле равшан дида мешавад:
Гуфт Ҳофиз, дид чун килки баёнамро
Салим:
«Булбуле барги гули хушранг дар минқор дошт.
А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …