Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДМУРОДОВ Саидсултон

САИДМУРОДОВ Саидсултон

САИДМУРОДОВ Саидсултон (5. 5. 1905, Исфара —15. 3. 1983, Душанбе), режиссёр ва драматурги со¬ветии тоҷик, Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон( 1957). Аз оилаи ҳофизи халқӣ. Рабфаки ба номи М. И. Калинини Москваро хатм кардааст
(1927). Мудири шӯъбаи маорифи халқи pайони Исфара (1928—1929), инструктори шӯъбаи ташкилип КИМ-и PСC Тоҷикистон (1929—1940) буд. Яке аз барпокунандагони театри драмаи тоҷик, актёр ва режиссёр. Фаъолияти эҷодиаш аз солҳои 30 cap шудааст (песаи «Шӯриши Восеъ», 1935). Муаллифи драма ва мазҳакаҳои «Духтари рангуборчӣ» (1938), «Рӯзҳои гузашта» (1939), «Хари ҷаннатӣ» (1941) ва ғайра. Песаҳои «Саодат» (1949, бо ҳамроҳии М. Рабиев), «Зафар ва Заррина» (1963) аз ҳаёти деҳқонон ва фотеҳони заминҳои навкорам, «Гаҳвораи заррин» (1974) рӯзгори ангиштканони Шӯроб ҳикоят мекунанд. Драмаву мазҳакаҳои» Саидмурод— «Хари ҷаннатӣ», «Духтар» рангуборчӣ», «Фарҳод дар Норак» (1966) ва ғайра дар театрхои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Доғистон ва дигар ҷойҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Драмаи «Қиссаи Зайнаббибӣ» (1965, таҳрири наваш 1974), ки аз қаҳрамонӣ ва диловарии зани тоҷик ҳикоят мекунад, ба репертуари Те¬атри драмаи русии ба номи В. Мая-ковский дохил гардтдааст. Саидмурод муаллифи песаҳои бачагони «Раъно» (1937), «Пионер Содиқ» (1939) мебошад.
Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1943 узви ИН СССР.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …