Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДРИ САРИР Қозӣ Абдулвоҳид

САДРИ САРИР Қозӣ Абдулвоҳид

САДРИ САРИР Қозӣ Абдулвоҳид (1809/10, Балх —25. 7. 1886, Бухоро), шоир, олим ва ходими сиёсии тоҷик. Таҳсили илмро дар зодгоҳаш cap карда, дар Бухоро идома дод ва тамоми илмҳои расмии замонро аз худ кард. Хусусан дар илми бадеъ, фалсафа, таърих, луғат, назария ва амалияи мусиқӣ яке аз номдорони замон гардид. Панҷоҳ сол дар туманҳои Ғиждувон, Қаҷдумак ва Бобқанди аморати Бухоро қозӣ буд ва ҳамеша мардуми муздуру бечораро тарафдорӣ мекард. Боре, баъди тамоман барбод рафтани самараи меҳнаташ дар кофтани рӯди нави Шофирком, Садри Сарир ба амир нафрат карда, аз қозигии Ғиждувон даст кашид ва ба Бухоро омад. Пас аз чанд рӯзи ин ҳодисаи пуралам аз дунё гузашт. Садри Сарир бо Аҳмади Дониш, Исомаҳдум ва дигарон адибонн пешқадам ҳамфикр буд. «Қозӣ Абдулвоҳиди Сарир,— менависад Айнӣ, — аз ҳамфикрони Аҳмадмаҳдуми Дониш буд, аммо ӯ ғайрифаъол буда, ғазаби иҷтимоии худро изҳор карда натавонист ва монанди каҳдуд сӯхта-сӯхта мурд». Ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар Мадраса ба шеъргӯӣ cap карда буд. Аввал Бедилро бо муваффақият тақлид мекард, баъдтар ба содданависӣ гузашт. Намунаҳои осори Садри Сарир, ки дар тазкираҳо оварда шудаанд, аз фард, рубоӣ, ғазал, қитъа, қасида ва ғайра иборат буда, мазмуни иҷтимоӣ, фалсафӣ, ишқӣ, ахлоқӣ доранд. Дар лирикаи шоир маъниҳои тоза ва тасвироти рангин бештар ба назар мерасанд. Садри Сарир аз санъатҳои бадеӣ, хусусан аз иҳом, такрор, тарсеъ, муроотунназир ҳунармандона истифода бурдааст. Насри Садри Сарир аз мактубот ва муншаоти ӯ иборат аст, ки бо саҷъи мутарраз ва мутавозин ороиш ёфтааст. Осори мансури Садри Сарир дар шакли рисолаҳо («Муросалоти қозӣ Абдулвоҳиди Сарир», «Мусаввадаи мактуботи Садри Сарир», «Мақомаи истиқболия») то замони мо расидаанд. Садри Сарир соҳиби китобхонаи азиме буд, ки бештар аз 2000 китоби дастнавис дошт. Садри Сарир чун хаттот низ маъруф аст.
Ад.: Ҳодизода Р., Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввӯми асри XIX, Д., 1968.
С. Сиддиқов, А. Маҳмидаминов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …