Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ВЕНГРИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ВЕНГРИЯ

rs-vengriya

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ  ВЕНГРИЯ (РСВ; 1919), давлати диктатураи пролетариат дар Венгрия, ки аз 21 март то 1 августи 1919 вуҷуд дошт. Республикаи Советии Венгрия РСВ дар натиҷаи болоравии ҳаракатҳои револютсионӣ, ки баъди қувват гирифтани зулми сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Венгрияи давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба амал омад ва бо таъсири Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр барпо гардид. Ҳукумати буржуазии партияҳои либералию радикалӣ ва сотсиал-демократӣ, ки 31 октябри 1918 баъди револютсияи буржуазию демократӣ ба сари ҳокимият омада буд, то тазйиқи оммаи револютсионӣ ба истеъфо баромада, ҳукуматро ба роҳбарони Партияи сотсиал-демократӣ супорид. Сотсиал-демократҳо ба кори бе иштироки коммунистон ташкил додани ҳукумат ҷуръат накарда, бо онҳо ба гуфтушунид шурӯъ намуданд. Партияҳо 21 март ба Партияи сотсиалистии Венгрия муттаҳид шуданд. Республикаи Советии Венгрия РСВ эълон карда шуд, ҳукумати он — Совети револютсионии ҳукуматӣ (СРҲ) таъсис ёфт ва яке аз асосгузорони Партияи Коммунис- тии Венгрия Б. Кун роҳбари сиёсии он гардид. Ба ҳайати Совети револютсионии ҳукуматӣ СРҲ коммунистон ва сотсиал-демократҳо дохил шуданд. Ташкили Республикаи Советии Венгрия РСВ нишон дод, ки диктатураи пролетариат фақат «зуҳуроти хоси русӣ» набуда, балки дар дигар мамлакатҳо низ ба вуҷуд омада метавонад. Владимир Илич Ленин аз номи вакилони Съезди 8-уми РКП(б) ба ҳукумати Республикаи Советии Венгрия РСВ телеграммаи табрикӣ фиристод. Совети револютсионии ҳукуматӣ СРҲ ба дигаргунсозиҳо шурӯъ намуд, дар натиҷа корхонаҳо, конҳо, воситаҳои алоқа, банкҳо, мулкҳо (аз 100 холд —57 гектар зиёдаш) миллӣ кунонида шуда, рӯзи кории 8-соата ҷорӣ ва музди кор 25% зиёд гардид. Барои ҳифзи республика Армияи сурхи Венгрияро ташкил карданд. Съезди умумивенгерии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо (14—24 июл) баргузор шуд, ки он Конститутсияи Республикаи Советии Венгрия РСВ-ро қабул ва Комитети Иҷроияи Марказӣ КИМ-и республикаро интихоб намуд. Моҳи апрел Антанта ба муқобили Республикаи Советии Венгрия РСВ таҷовузи ҳарбӣ сар карда, ба ин мақсад қӯшунҳои ҳукуматҳои буржуазии Руминия ва Чехословакияро истифода бурд. Армияи сурхи Венгрия ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, ҳудуди Республикаи Советии Венгрия РСВ-ро озод кард. Ба Антанта муяссар гардид, ки ба василаи тазйиқи дипломатӣ ҳуҷуми ин армияро боздорад. Армияи Руминия ба муқобили Республикаи Советии Венгрия РСВ боз ба ҳу- ҷум шурӯъ намуд. Сотсиалистони рост ва роҳбарони иттифоқҳои касаба аз ин истифода бурда, дар армия ва ақибгоҳ тарғиботи зиддиреволютсионӣ бурданд, бо намояндагонн Антанта дар Вена гуфтушунид карда, ба истеъфои ҳукумати Республикаи Советии Венгрия РСВ (1 август) муваффақ шуданд. Б. Кун, Т. Самуэли, Е. Ҳамбургер ва дигар ходимони намоёни республика оммаро ба муборизаи мусаллаҳ даъват намуданд, вале ин навъ мубориза ба амал наомад. Ҳокимияти Советӣ дар Венгрия аз тарафи қӯшунҳои Антанта ва бо дастгирии қувваҳои зиддиреволютсионӣ пахш карда шуд. Республикаи Советии Венгрия РСВ агарчи ҳамагӣ 133 рӯз вуҷуд дошт, вале барои инкишофи ҳаракати коргарии Венгрия ва байналхалқӣ аҳамияти калон дошт. Венгрия баъди Россия аввалин мамлакате буд, ки дар он Ҳокимияти Советӣ эълон карда шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …