Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗИҚОВ Абдукарим

РОЗИҚОВ Абдукарим

РОЗИҚОВ Абдукарим (1898, дуҳаи Қистакӯзи ҳозира райони Хуҷанд — 1937), иштирокчии фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Аз оилаи деҳқони камбағал. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд cap шудааст. Розиқов Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябрро хушнудона истиқбол на¬му д. Аз аввалин командирони отря¬ди яхтиёриён дар Қистакӯз. Соли 1920 курси 6-моҳаи командир тайёркунии шаҳри Хуҷандро хатм карда, аз аҳолии меҳнаткаши маҳаллӣ отряди ихтиёриён ташкил намуда, бар зидди босмачиён мубориза бурд ва дар торумори дастаи Мадад Махсум ҳисса гузошт. Солҳои 1923-1925 Розиқов раиси Комиҷроияи волости Қистакӯз (ташаббускори аввалин ҳашар, якшанбегиҳои ободонӣ ва сохтмонҳои биноҳои ҷамъиятӣ дар Қистакӯз), солҳои 1926—1931 дар корҳои роҳбарӣ дар шаҳру қишлоқҳои шимоли Тоҷикистон (Конибодом, Ашт, Хуҷанд ва ғайра), 1932 раиси «Совхоз трест»-и РСС Тоҷикистон, солҳои 1933—1937 раиси Комитети иҷроияи шаҳри Душанбе. Депутати КИМ-и СССР, аъзои КМ ПК (б) Тоҷикистон, аъзои бюрои Комитети партиявии шаҳри Душанбе ва аъзои Президиуми КИМ-и РСС Тоҷикистон интихоб шуда буд.
А. Қодиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …