РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Валерий Илич (таваллудаш 13. 2. 1939, Ленинград), лётчик-кайҳоннаварди. СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1976), полковник – инже¬нер. Аъзои КПСС аз соли 1961. Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии баҳрии ин¬женерии ба номи Ф. Э. Дзержинский (1961) дар сафи Қувваҳои ҳарбии баҳрӣ хизмат кард. Аз соли 1965 дар отряди кайҳоннавардон. 14 октябри 1976 якҷоя бо В. Д. Зудов ба сифати борт¬инженер дар киштии кайҳонии «Со¬юз-23» ба мадори атрофи Замин баромад ва баъди ду рӯзи парвоз эки¬пажи киштӣ ба Замин баргашт (бино ба программаи пешбиншуда «Союз- 23» бояд бо стансияи илмии мадории «Салют-5» васл мешуд. Вале аз сабаби норасоӣ дар кори системаи идораи наздикшавӣ программаи нер¬воз тағйир ёфт).