РОШИДӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири нимаи дуюми асри 11 форс-тоҷик. Ном ва баъзе лаҳзаҳои ҳаёти Рошидӣ (бо тӯҳмате ба ҳабс афтоданаш, вафоти фарзандаш) тавассути маълумот ва ишораҳои ҳамасрони ӯ, махсусан қасоиди Масъуди Саъди Салмон, то замони мо боқӣ мондааст. Тазкираҳо дар бораи ӯ ҳеҷ гуна маълумоте надодаанд. Рошидӣ дар дарбори султон Иброҳими Ғазнавӣ (1060—1099) хидмат карда, қасоиди мадҳӣ, ғазалу қитъа ва рубоиҳо эҷод мекардааст, вале аз осораш қариб ҳеҷ чиз дастрас нест. Масъуди Саъди Салмон ба баъзе қасидаҳои Рошидӣ ҷавоб гуфта, аз шӯҳ¬рати шеъру шоирии ӯ дарак медиҳад.
А. Абдуллоев.
Tags шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …