Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОММ Михаил Илич

РОММ Михаил Илич

РОММ Михаил Илич (24. 1. 1901, Иркутск—1. 11. 1971, Москва), режиссёри кинои советӣ, севариянавис, Артисти Халқии
СССР (1950). Аъ- зои КПСС аз соли 1939. Соли 1925 Институти олии давла¬тии бадеӣ-техникиро (факултети ҳайкалтарошӣ) хатм намуда, ҳамчун сенариянавис ва ассистенти режис¬сёр кор мекунад.
Дар филми нахустинаш «Лӯндаяк» (1934, беовоз) симои мазҳакаомези буржуазияро» фош менамояд. Филми «Сездаҳ» муборизаи зидди босмачиҳоро акс мекунад. Филмҳои «Ленин дар Октябр» (1937), «Ленин дар соли 1918» (1939) ба фонди тиллоии ки¬нои советӣ дохил шудаанд. Соли 1949 дар офаридани филми ҳуҷҷатии «Владимир Илич Ленин» ширкат дошт. Дар филмҳои минбаъдааш фашизмро сахт маҳкум ва айбдор намудааст: «Масъалаи русҳо» (1948), «Супориши махфӣ» (1950), «Куштор дар кӯчаи Данте» (1956). Алалхусус филми «Фашизми оддӣ» (1966, дар асоси киноҳуҷҷатҳо), ки моҳияти иҷтимоии фашизмро ҳаматарафа фош мекунад, оҳанги тезутунди сиёсӣ ва фалсафӣ дорад. Филмҳо «Адмирал Ушаков» ва «Киштиҳо истеҳкомро фатҳ мекунанд» (1953) гувоҳи истеъдоди баланди Ромм мебошанд. Филми «Нӯҳ рузи як сол» (1962) аз ҳаёти физикҳои советӣ баҳс мекунад. Бисёр филмҳои Ромм сазовори мукофоти кинофестивалҳои байналхалқӣ шуда¬анд. Ромм аз солт 1949 дар Институти умумииттифоқии давлатии кинематогра¬фия—ВГИК (аз соли 1958 профессори) низ дарс додааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941, 1946, 1949, 1951) ва Мукофоти давлатии РСФСР ба номи бародарон Василевҳо (1966). Бо 2 ордени Ленин, ордени Революсияи Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …