Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОДУЁНӢ Муҳаммад ибни Умар

РОДУЁНӢ Муҳаммад ибни Умар

РОДУЁНӢ Муҳаммад ибни Умар (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), адабиётшиноси форс-тоҷик (асри 11). Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиаш маълумоти кофие дастрас нест. Родуёнӣ шахси донишманд ва ба адабиёт бағоят дилсӯз буда, илми шеърро бисёр некӯ медонистааст. Оид ба илми бадеъ, истилоҳоти илми балоғат бо унвони «Тарҷумон-ул-балоға» китоби судманде навиштааст, ки дар адабиётшиносии форс-тоҷик шӯҳрати тамом дорад.
Х. Шарифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …