РОДАРИ (Rodari) Ҷанни (таваллудаш 23. 10. 1920, Оменя —1980), нависандаи Италиявӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Италия аз соли 1944. Иштирокчии Ҳаракати муқобилат. Аз соли 1948 дар газетаи «Унита» шеърҳои бачагонааш ба табъ расидаанд, ки шаклан ба фолклор наздиканд. Дар шеърҳои Родари (маҷм. «Китоби шеърҳои шӯх», 1951; «Шеърҳои заминӣ ва осмонӣ», 1960; «Поезди шеърҳо» ва ғайра) зимни ҳодисоти муқаррарӣ мушкилоти зиндагӣ ва бузургии олам мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Ашъори Родари дорои оҳанги хуш, ҳаҷви нозук буда, зиндадилиро талқин мекунанд. Родари муаллифи повест-афсонаи «Саргузашти Чиполлино» (1951 тарҷумаи тоҷикӣ 1955) ва дигар повест-афсонаҳо мебошад («Афсонаҳо ба воситаи теле¬фон», 1962). Родари корҳои зиёди нашр ва журналистиро ба ӯҳда дошт. Асарҳояш ба тоҷикӣ тарҷума шу¬даанд («Дар олами хобҳо», 1962; «Мартинои якраву гапнодаро», 1970; «Масалҳои хурд», 1966; «Светофори кабуд», 1964; «Хаткашон», 1954; «Қаср аз яхмос», 1964; «Ҷакомои булӯрин», 1966 ва ғайра).
Ад.: Б р а н д и с Е., От Эзопа до Джанни Родари, М., 1065.
Tags нависанда
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …